logo

маориф

ФАРХОР. МАОРИФ РУШД МЕЁБАД!

Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба зиёд шудани аҳолии кишвар шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ афзуд.  Тавре аз дафтари кории шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор ба мо иттилоъ доданд, дар ноҳия 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 асосӣ, 5 ибтидоӣ, 2 гимназияи давлатӣ, 2 литсей ва 10 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 725 нафар кӯдак  ва шумораи умумии хонандагон 34 ҳазору 828 нафарро ташкил медиҳад. Дар таълиму тарбияи онҳо 2 ҳазору 211 нафар омӯзгорон муаззаф гаштаанд.

- Таълиму тарбияи хонандагон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар асоси барномаҳои нави Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  ба роҳ монда шудааст, - гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғазалшоҳ Сафарзода. Инчунин,  афзуд, ки имсол ҳамаи муассисаҳои таълимӣ хушсифат аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар ин кор аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 450 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Масъалаи ҷобаҷогузории мутахассисон дар мадди аввал қарор дорад. Зиёда аз 60 нафар омӯзгори ҷавоне, ки тибқи роҳхат ба ноҳия фиристода шуда буданд, ба ҷойи кор пурра таъмин гаштанд. Шуъбаи маориф кӯшиш карда истодааст, ки миқдори муассисаҳои ибтидоиро кам намуда, ба ҷои онҳо муассисаҳои асосиву миёнаи умумии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯро бунёд намояд. Умуман, дар даҳ соли охир, дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия  дигаргуниҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузор дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар назди 36 муассисаҳои таълимӣ барои 4 ҳазор ҷои нишаст синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд. Аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Диловар Муҳиддинов, Қурбон Раҳматов ва Абдуғаффор Давлатов 2 муассисаи миёнаи таҳсилоти умумӣ ва як литсейи давлатӣ иборат аз 26 синфхонаи замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, аз ҳисоби соҳибкор Хуршед Нозимов 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 гимназияи давлатӣ ба маблағгузории 16 миллион сомонӣ барои 2 ҳазору 40 хонанда дар арафаи анҷомёбист. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо маблағгузории 450 ҳазор сомонӣ мактаби дуошёнаи умумии рақами 16 бо сифати баланд аз таъмир пурра бароварда шуд. Соли гузашта маорифчиёни ноҳия соҳиби бинои нави ҷавобгӯ ба замони муосир гардиданд. Бино сеошёна буда, дорои як толори бойгонӣ, як китобхона, як меҳмонхона, 14 утоқи корӣ ва як толори маҷлисгоҳ барои 100 ҷои нишаст мебошад.
- Шароити ҷавобгӯ ба талаботи замон моро водор месозад, ки сифати таълиму тарбияро беҳтар намоем, - гуфт Ғазалшоҳ Сафарзода.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 1256
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед