logo

ҳуқуқ

ҲИЗБИ ИСЛОМИИ ТУРКИСТОН. ҶИНОЯТ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД!

Суди шаҳри Панҷакент се сокини маҳаллӣ - Бурҳониддин Қаршиев, Камолиддин Норимқулов ва Фурқат Қурбоновро барои иштирок дар ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки фаъолияташ бинобар сабаби ташкилоти экстремистӣ эълон шудан бо ҳукми суд манъ шудааст, гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум кард.
Тавре маълум шуд, Бурҳониддин Қаршиев соли 2011 ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия буданаш бо фаъолони ташкилоти ифротгароии Ҳизби исломии Туркистон борҳо мулоқот карда, оҳиста - оҳиста ба ғояҳои онҳо дода мешавад. Ҳарчанд маълум буд, ки ғарази ин гурӯҳ тағйири сохти конститутсионӣ, бунёди ба ном давлати исломӣ, ба гурӯҳҳои ифротии Сурия ва Ироқ ҷалб кардани  ҷавонон аст, ӯ то соли 2014 дар машварату мулоқотҳои онҳо иштирок мекард.
Тибқи дастури фаъолони ин гурӯҳ ӯ охири соли 2013 ба Ватан  баргашта, дар манзили худ ва раҳнамою ҳамақидааш Нуриддин   Туронов, дар масҷиди деҳаи Чимқалъа ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои хоҷагони хориҷиаш машғул мешавад.
Камолиддин Норимқулов ва Фурқат Қурбонов бошанд, ҳамин вақт ба доми тазвири мубаллиғони Ҳизби исломии Туркистон меафтанд. Онҳо ҳарчанд аз мақсадҳои ифротгароёнаи ин ҳизб, ки ғаразаш бунёди давлати ба ном исломӣ, ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ огоҳ буданд, вале вазифаҳои шаҳрвандии худро фаромӯш карда, дар ин хусус ба мақомоти марбута хабар надоданд.
Яке аз мубалиғон Муҳаммад Тӯроновро, ки ҳоло бедарак аст, ба эҳтимоли зиёд шояд ба гурӯҳҳои ифротгарои Сурия пайвастааст.
Судшавандаҳо дар рафти мурофиа иқрор шуданд, ки онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ зери таъсири тарғиботи ифротгароёнаи пайравони Ҳизби исломии Туркистон вақти адои намоз дар масҷидҳо, ба он шомил шудаанд. Ҳамчунин, баъди бозгашти онҳо аз хориҷа наздиконашон аз рафтори ношоиста, иштирокашон дар нишасту мулоқотҳои шубҳанок огоҳ шуда, сахт нигарон шудаанд.
Онҳо маҳз дар ҳамин мулоқоту вохӯриҳо, пеш ё баъди намоз дар хонаи Муҳаммад Тӯронов, мубаллиғи ин ҳизб ҷамъ омада, чи тавр тавассути Туркия ба Сурия рафтан, расондани кумаки моддӣ ба «ҷиҳодиён» - ро, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ омӯзонда буданд, ба аҳли нишаст мефаҳмонданд.
Суд бо назардошти далелҳои ҷамъоварда Бурҳониддин Қаршиевро бо моддаи 3073, қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба муҳлати се солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳаммаслакони ӯ Камолиддин Норимқулов ва Фурқат Қурбонов низ тибқи қонун ҳабс гардиданд. 
Таҳмина ПӮЛОДӢ,
муовини раиси суди шаҳри Панҷакент,
Турдибой СОЛЕҲЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 1223
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед