фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъйин ва озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Додихудозода Давлатмо Бахтибек раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад,
Меҳмон Аловиддин Бозгул раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад,
Бобизода Зафар Бобоназар раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад,
Зуҳурзода Далер Шукурҷон раиси суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад,
Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон озод карда шавад,
Муминзода Зоҳир Тоҳирӣ раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад,
Мирзоҳомидзода Диловар раиси суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд озод карда шавад,
Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод карда шавад,
Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад,
Расулзода Нуриддин Ғафор раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъйин карда шавад,
Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат раиси суди ноҳияи Нуробод таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод карда шавад,
Баротзода Ҳусейн Наҷот раиси суди ноҳияи Рашт таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Сангвор озод карда шавад,
Салимзода Муҳаммад Давлатбек раиси суди ноҳияи Сангвор таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод карда шавад,
Абдуллозода Фарҳод Нусратулло судяи суди иқтисодии вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод карда шавад,
Абдуллозода Зебонисо Файзулло раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъйин карда шавад,
Қурбоншозода Нозигул Мастоншо судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карда шавад,
Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шавад,
Саидзода Зулфия Саид судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад,
Одиназода Ҷонфидо Халил судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод карда шавад.
2. Ширинҷон Изатулло Назруло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Сангвор озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 12 декабри соли 2017, № 967
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.12.2017 №: 252 Мутолиа карданд: 1766