logo

маориф

МУАЛЛИМ. ТО ДАМЕ КИ МЕҲРИ КАСБ ДАР ДИЛ ҶӮШ МЕЗАНАД...

Тобистон дар деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ муаллими деҳа Қурбонмаҳмад Қурбонов, ки эҳтиромона Бобои Қурбонаш мегӯянд,  ҷигарбандашро хонадор мекарду аз дуру наздик меҳмонони зиёде омада буданд. Зимни суҳбат чун мавзӯъ оид ба мактабу маориф доман кашид, маълум гардид, ки меҳмонон омӯзгоранд. Дар сарашон кайҳо сафедӣ афтода, суханашон бо тамкину ҷаззоб, суҳбаташон ҳар кадоме як китоб маъною маърифат. Гӯё аз илми мантиқ баҳс меравад. Пасон маълумам гашт, ки  устодони фанни риёзианд.

Худи Бобои Қурбон алҳол омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №3 шаҳри Бӯстон аст. Устоди варзидаи фанҳои физикаю риёзиёт, донандаи тамоми нозукиҳои касби худ. Рофиддин Қодиров, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди фанни риёзии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 - и ноҳияи Деваштич, Неъматҷон Иброҳимов ва Файзуллоҷон Воҳидов дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи рақамҳои 10 ва 14 - и шаҳри Исфара солиёни зиёд заҳмат кашидаю ба нафақа баромадаанд. Шогирдонашон дар соҳаҳои  гуногуни хоҷагии халқ машғули меҳнати пурсамар, пайи ободонию гул - гулшукуфоии кишвари рӯ ба тараққиамонанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин устодон кайҳо рисолати худро ба анҷом расонда, акнун пурра имкони осоиш доранд. Вале… Сари ҳар суханашон оид ба таълим ва тарбияи наслҳои нав. Ҳарф мезананд, аз  таҷрибаю малакаҳои худ дар ин самт, то беохир. Ҳар кадоме тақрибан 40 соли умри пурбаракати худро сарфи ин ҷодаи заҳматталаб кардаанд.
Беш аз ҳазор нафарӣ шогирдонро қатъи назар аз вазъи равонию қобилият, хислату рафторашон тарбия намуда,  ба воя расонда, тақдими ҷомеа намудаанд.
- Шаватки Боло мутахассисони зиёдеро дар соҳаҳои гуногун барои ҷумҳурӣ додааст, - мегӯяд омӯзгори фанни риёзии муассисаи таҳсилоти ҳамин деҳа Ҳоҷирасул Қориев, - аммо ман гумон надорам, ки онҳо бидуни донишҳои математикӣ ба мартабаҳои баланд расида бошанд. 
Устод Рофиддин Қодиров то дараҷае оид ба  олами илму асрори ҳастӣ ҳарф мезад, ки беихтиёр «муаллими ҳастӣ» унвон кардам он касро худ ба худ. Воқеан, имрӯз дар баробари таълиму тарбияи аҳли дабистон, инчунин, заҳмати раиси маҳалларо дар деҳаи Хоҷаҳо  ба уҳда дорад.
Риштаи сухан ноаён аз таълим ба тарбия, аз кӯдакони мактаб ба афроди синну соли гуногун, муаммоҳои ҳалталаби рӯз, нақши шахсиятҳо дар ин самт, тартиби бунёди оила ва пойдории он, усулҳои ба  талаботи замон мувофиқ, нақши фард дар бунёди ҷомеаи солим, ҳамбастагии шахсият ва ҷамъият, таъсири омилҳои инсонию табиӣ, аз ҳама муҳим, зарурати тарбия ва масъулияти омӯзгор тӯл мекашид. Бо ин нафарон суҳбат доштаму суханони олим Р. Немов оид ба мафҳуми шахсият аз пеши назарам мегузаштанд, ки аз се нишонаи асосӣ иборат аст: муносибат байни афроди ҷамъият, фаъолияти  ақлонӣ ва доштани мақоми муайян дар ҷомеа. Ҳамин буд меҳвари асосии сухани онҳо. Ҳамзамон, шук-рона аз он доштам: то даме, ки чунин омӯзгорон ва пайравони онҳо ҳастанд, кишвари азизу соҳибистиқлоли мо рӯ ба тараққию пешравист.
Шехмирзо РАҶАБӢ,
омӯзгор, ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 1280
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед