logo

порлумон

ХУҶАНД. МАҚСАД - БЕҲСОЗИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ

Дастрасии сокинони шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби тозаи ошомиданӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Ин амр дар пайи татбиқи «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳалаи 3» имконпазир мегардад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 декабр дар ин робита Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба тасвиб расонданд. Каримзода Ҷамшед, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии ин тарҳ иброз дошт, ки маблағгузории марҳилаи сеюм аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Конфедеративии Швейтсария  дастгирӣ ёфт. Дар натиҷа 21 апрели соли 2017 Созишномаи грантии мазкур ба имзо расонда шуд.
Маблағи барнома 8,85 миллион долларро ташкил мекунад, ки аз он 3,5 миллион доллар ҳамчун қарз ва 5,35 миллион доллар ҳамчун грант аз тарафи бонки мазкур маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи асосии барнома ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам кардани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва муайян намудани миқдори оби ошомидании интиқолгардида мебошад.
Ин лоиҳа ҷиҳати ба пуррагӣ фаъолият намудани иншооти партовобтозакунии шаҳр, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, таъмир ва таҷҳизондани ташхисгоҳҳои об, партовоб, инчунин, беҳтар намудани  таъминоти оби ошомидании шаҳраки Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ивази лӯлаҳои обгузар ва хатҳои партовоб равона карда мешавад. Муҳлати татбиқи барномаи мазкур то соли 2020 дар назар аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 2703
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед