logo

туризм

САЙЁҲӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсис ёфтани бахшҳои омодасозии кадрҳои соҳаи туризм дар ин самт норасоии мутахассисони ҳирфаӣ ҳанӯз ҳам ба чашм мерасад.

Муродалӣ Ашуралиев, дотсенти кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати  Тоҷикистон, мушкили  нарасидани кадрҳои соҳаи туризмро  ба чанд омил вобаста медонад.
Ӯ иброз менамояд, ки яке аз проблемаҳо аз ҷониби донишҷӯён ба таври зарурӣ азхуд накардани забонҳои хориҷӣ мебошад. Зеро агар дар курси якум забонҳои хориҷӣ бештар омӯзонда шаванд, мутаассифона,  таълими онҳо солҳои дуюм, сеюм ва чаҳорум  ба маротиб камтар мешавад.  Аз ин рӯ, зиёд кардани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Илова бар ин, дарсҳо  танҳо  дар шакли  аудиториявӣ сурат мегиранд, яъне донишҷӯён ҳангоми таҳсил аз дарсҳои амалӣ бенасибанд. Ба ин хотир, хуб мебуд дарсҳои амалӣ гузаронда шаванд  ва онҳо бевосита дар минтақаҳои туристӣ сурат гиранд.  Худ тасаввур кунед, донишҷӯе, ки мавзеъҳои сайёҳиро аз наздик намебинад, чӣ гуна  дар хусуси онҳо ба сайёҳон маълумот медиҳад? Бе шубҳа, ин омил метавонад барои омодасозии кадрҳои ҳирфаии туризм мусоидат намояд. 
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати дигари мо директори генералии ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон» Равшанмурод Ҳоҷиев  масъалаи нарасидани кадрҳои соҳаи туризм имрӯз нигаронкунанда мебошад. Зеро чанд кафедрае, ки ба тайёр намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ машғуланд, пойгоҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ надоранд. Аз ин лиҳоз, беҳтар мебуд, то аз байн бурдани ин мушкилот, мутахассисони ҷавонро барои таҷрибаомӯзӣ ба хориҷи кишвар фиристанд.
Ҳамчунин, мавсуф иброз медорад, ки барои рушди соҳа ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос таъсиси донишкадаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст. Омили дигаре, ки метавонад барои беҳтар омоданамоии мутахассисон мусоидат кунад, ҳамкории субъектҳои хоҷагидори туристӣ бо муассисаҳои таълимии соҳаи мазкур мебошад. 
Дар ҳамин ҳол Абдулло Хуҷамов, ҷонишини декан оид ба корҳои таълимии факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва сайёҳии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон,  иброз дошт, ки дар факултет мутахассисон аз рӯи  ихтисосҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи туризм , саёҳат ва меҳмонавозӣ, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва фаъолияти меҳмонхонавӣ ва маркетинг дар сайёҳӣ омода карда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми тайёр кардани кадрҳо  таълими фарҳанги меҳмондорӣ ва дигар ҷанбаҳои хизматрасонӣ ба назар гирифта шудаанд.  Аз ҷониби  устодони кафедра оид ба туризм китобҳои зиёди таълимӣ, ба монанди  «Иқтисодиёти туризм»,  «Асосҳои туризм»  ва «Географияи сайёҳӣ» таълиф гардидаанд.  Дар баробари ин, ба хотири баланд бардоштани малакаву таҷрибаи донишҷӯён  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо як қатор ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои кишвар робитаи зич дорад. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯзиши фарҳангӣ меҳмоннавозӣ муҳассилин дар меҳмонхонаҳои  «Тоҷикистон» , «Ҳайат Реҷенс» ва «Sheraton»  таҷриба меомӯзанд.
Пас, масъулонро зарур аст, ки бо назардошти таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумат ба ин соҳаи барои кишвар ниҳоят муҳим роҳҳои ҳалли масъалаи мавриди назарро ҳар чи зудтар пайдо ва худи проблемаро бартараф созанд. Ҳамин тавр не?
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 1329
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед