logo

номаҳо

ОИЛА САРЧАШМАИ ТАРБИЯ

Оиладорӣ ва тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки оила муассисаи муҳимест, ки дар он кӯдак ба воя расида, нашъунамо меёбад. Одоб, ахлоқ ва тарбия аз ҳамин ҷо сар мешавад. Насли наврас ҳурмату эҳтиромро нисбат ба калонсолон, меҳру шафқатро  нисбат ба ҳамсолону дӯстон, рафтори дурустро дар ҷомеа дар ҳамин ҷо меомӯзад.

Аммо онҳое, ки дар оила аз ҳама гуна фазилатҳо маҳрум мемонанд ва ноқис тарбия меёбанд, боиси сар задани нохушиҳо дар ҷамъият мегарданд. Ҳар қадаре, ки оила солим бошад, насли оянда низ ҳамон қадар хуб ба воя мерасад ва барои миллат манфиатҳо меорад.
Аз ин рӯ, афроди оила бояд ба ҳамдигар хеле эҳтиромона муносибат намоянд. Чунин тарзи рафтор дар ҳама ҳолат ба кӯдак таъсир мегузорад ва ӯ низ дар муносибат онро ба инобат мегирад. Гузашта аз ин, вақте худи онҳо дар оянда оила барпо месозанд,  дар муносибат бо аҳли оилаи худ чунин тарзи рафтори идеалиро пайравӣ мекунанд. Равоншиносон бар ин назаранд, ки кӯдак бояд бештар амали дурустро бинад, то абадан дар зеҳну хотираш сабт гардад.
Ҳеҷ як падару модар намехоҳад, ки фарзандашон ба амалҳои номатлуб даст занад. Барои ин ҳамеша роҳҳои хубро ҷӯён мешаванд ва ҳаматарафа барои тарбияи нек мекӯшанд. Аммо дар ҷомеаи мо ҳастанд волидоне, ки ҳам мехоҳанд фарзандашон солим тарбия ёбад, ҳам барои пешгирӣ аз роҳи бад ҳеҷ коре намекунанд. Нафароне, ки дар фикри тарбияи дурусти кӯдаконашон ҳастанд, лозим нест дигар роҳҳоро имтиҳон кунанд. Зеро ҳурмату иззате, ки падару модар нисбат ба волидони худ нишон медиҳанд, барои кӯдакон бузургтарин дарси тарбия маҳсуб мешавад.  Кӯдак бояд бо чашми худ бубинад, ки чи гуна калонсолонро эҳтиром бояд кард ва танҳо дар он ҳолат ин хислат дар табиати ӯ ҷо мегирад ва таъсири худро нишон медиҳад. Аммо, агар инро ба чашм надида,  дар ин бора танҳо насиҳат бишнавад, натиҷаи матлуб дер ҳосил мешавад, ҳатто баъзан ҳеҷ натиҷае ба даст намеояд.
Лола РИЗОӢ,
магистрант


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2017    №: 256    Мутолиа карданд: 3978
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед