ҳуқуқ
ҚОНУНШИКАНӢ. 211 РОНАНДАИ МАСТ АЗ ҲУҚУҚИ РОНАНДАГӢ МАҲРУМ ГАРДИД
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати татбиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар доираи талаботи тағйиру иловаҳои воридгардида ба моддаҳои 332, 336 ва 337 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 28 августи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳайати шахсии БДА 1132 далели қонуншиканӣ ошкор шудааст.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати БДА ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд. Дар заминаи қонуншиканиҳои ошкоршуда нисбат ба 485 ронанда ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ба 274 нафар ҷарима ба маблағи 3 475 250 сомонӣ ва ба 217 нафар ҳабси маъмурӣ бо маҳрумият аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо моддаи 336, қисми 1, яъне бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаи нақлиёт 439 ҳолат ошкор гардида, аз 169 нафар ба маблағи 1 867 650 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Гуфта шуд, ки зимни гузарондани чорабиниҳои мақсаднок аз рӯи моддаи 336, қисми 2 (вогузоштани идораи воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надорад) 38 далел ошкор гардида, нисбат ба 12 нафар ҷарима ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт таъйин шуд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи моддаи 332 (идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ) 539 далел ошкор шуда, нисбат ба 211 нафар ҷазои ҳабси маъмурӣ бо маҳрумият аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт муайян гардид. Аз 66 нафар ҷарима ба маблағи 960 600 сомонӣ рӯёнда шуда, ронандагони қонуншикан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум гардиданд. Гузашта аз ин, дар 116 маврид далели риоя нашудани талаботи моддаи 337 (дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ) муайян шуда, нисбат ба 28 нафар ба маблағи 535000 сомонӣ ҷарима бо маҳрумият аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт муқаррар гардид. Инчунин, бо мақсади татбиқи ҷазо нисбат ба соҳибони тӯйҳои домодию арӯсӣ, беш аз 520 адад маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои аз меъёр зиёд истифода бурдани нақлиёт ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ ирсол шуд.
Дар маҷмӯъ, давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зимни назорати қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёда аз 1 миллиону 115 ҳазор қоидавайронкунӣ сабт шудааст.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2017 №: 257 Мутолиа карданд: 1290