фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа фармон медиҳам:
1. Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2021 баргузор карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати ду моҳ тасдиқ намояд.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 декабри соли 2017, № 968
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2017 №: 257 Мутолиа карданд: 1522