logo

порлумон

НБО - и НОРАК ТАҶДИД МЕШАВАД

Неругоҳи барқи обии Норак бар асоси як созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд навсозӣ хоҳад шуд. Вакилони Маҷлиси намояндагон  рӯзи 20 декабр дар ин бора Созишнома оид ба маблағгузорӣ ва грант оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» - ро тасвиб карданд.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии созишнома дар порлумони кишвар изҳор дошт, ки ҳанӯз соли 2015 - 2016 бо ҷалби маблағгузории Ассотсиатсияи байналмилалии рушд тадқиқоти асосноксозии техникию иқтисодии таҷдиди НБО - и Норак ва бехатарии сарбанд гузаронда шудааст. Ин пажӯҳиш аз ҷониби ширкати «Tranctebel Engineering» - и Ҷумҳурии Фаронса анҷом шуда, хазинаи тарҳи навсозии неругоҳ тақрибан 700 миллион доллар муайян гардид.
Назар ба гуфтаи вазир, Неругоҳи барқи обии Норак солҳои 70 – уми асри гузашта сохта ба истифода дода шуда, дар давоми 46 сол беш аз 434 миллиард кВт соат неруи барқ истеҳсол шудааст. Айни замон, бинобар куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизот тавоногии агрегатҳо аз 25 то 35 мегават кам гардидааст. Имрӯз зарурати таҷдиду азнавбарқарорсозии неругоҳ ба миён омадааст. Барои марҳилаи якуми лоиҳа аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 225 миллион доллар қарз ва грант, ҳамчунин, аз ҳисоби Бонки АвруОсиёгии рушд 40 миллион доллар қарз ҷудо шудааст. Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа таҷдиди се гидроагрегат, шаш автотрансформатор ва корҳои вобаста ба бехатарии сарбанд амалӣ карда мешаванд. Муҳлати татбиқи марҳилаи якуми лоиҳа 5 сол ва муҳлати таҷдиди пурраи неругоҳ 10 солро дар бар мегирад.
Мунаввари САФАР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2017    №: 258    Мутолиа карданд: 4946
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед