номаҳо
Лампаҳои каммасрафи сӯхтаро дар куҷо партоем?
Чор моҳ аст, ки ман дар хона аз лампаҳои каммасраф истифода мебарам. Дар оғоз мепиндоштам, ки ба чашму асаб он таъсири манфӣ мегузорад. Ба ростӣ, дар аввал аз ин лампаҳо нороҳатӣ эҳсос мекардам. Ҳатто як муддат асабонӣ ҳам шудам. Баъд ба он одат намудам. Ба хулоса омадам, ки ба ҳар чизи нав ба якборагӣ одат кардан душвор будааст.
Ин ки мегуфтанд, лампаҳои каммасраф зуд месӯзаду ба буҷети хонавода зарар меорад, ҳеҷ асос надорад. Яъне лампаҳои харидаам то ҳанӯз рӯшноӣ медиҳанд. Ва ҳам дар ин муддат аз ҳисоби сарфаи барқ пули лампаҳои харидаамро баровардам.
Танҳо дар андешаам, ки ин лампаҳо бисӯзанд, намедонам дар куҷо онҳоро партоям. Охир, мегӯянд, ки ҳама лампаҳои каммасраф як қатра ё худ 30-40 мг симоб доранд. Аз ин рӯ бояд кӯшиш кард, ки лампаҳои аз истифодабаромада нашикананд. Оё мумкин нест, ки нуқтаи махсус бикушоянду дар он ҷо лампаҳои сӯхтаро ҷамъ биёранд?
З. САЙИДАҲМАДОВ,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3553