номаҳо
Ғами мо - маъюбонро ҳам бихӯред!
Се сол инҷониб дар шаҳр автобусҳои нав равуо доранд, ки мо, маъюбон, ба онҳо савор шуда наметавонем, зеро дар байни дарҳо оҳане собит аст, ки ба ворид шудани аробачаҳоямон халал мерасонад. Дари қафои автобусҳои қаблӣ барои даромаду баромади аробачаҳои мо, мувофиқ сохта шуда буд. Яъне бемалол ба ҳар гӯшаи дилхоҳи шаҳрамон мерафтем.
Мутаассифона, имрӯз мани донишҷӯ наметавонам ҳатто ба дарс равам. Дар ин ҳол кӣ ғами мо- маъюбонро мехӯрад? Охир мо ҳам мехоҳем, ки чун дигарон ба автобусҳо савор шавем. Фикр мекунам, ки гирифтани ҳамон оҳанҳои дари охири автобус он қадар кори мушкил нест. Аз ин рӯ аз масъулон хоҳиш менамоям, ки оҳанҳои байни дарҳои қафои автобусҳоро ба хотири мо, маъюбон, бигиранд ва минбаъд низ ин масъала дур аз назарашон набошад.
Ҷамшеди РАҲИМЗОД,
истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,
кӯчаи Деҳотӣ, 23/15, ҳуҷраи 38
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3260