logo

маориф

СИФАТИ ТАЪЛИМ СИФАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН АСТ!

Масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз масъалаҳоест, ки ҳалли дурусту бомуваффақонаи он на танҳо барои рушди соҳаи маориф, балки тамоми соҳаҳо бисёр муҳим ва ногузир арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо таъкид намудаанд, ки «омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад». Чаро? Чунки «тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».

Бо чунин таъкид ва раҳнамоӣ дастур додаанд, ки маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад. Ба ин хотир, бозомӯзӣ намоянд, аз курсҳои такмили ихтисос бигзаранд, бо технологияҳои муосири таълим ҳатман ошноӣ дошта бошанд.
Воқеан, замон ва пешрафти илми муосир ин ҳамаро тақозо дорад ва мо бояд аз ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ на танҳо бояд қафо намонем, балки зарур аст, пеш биравем.  Чанд сол пештар бархеҳо ҳеҷ бовар надоштанд, ки пешрафти маорифи миллии мо бо дастовардҳои бузург мавриди эътирофи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мегардад. Хушбахтона, соли равон Тоҷикистон  аз рӯйи нишондиҳандаҳои дастрасӣ  ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 - умро соҳиб гардид. Ҳамин тавр, кишвари мо дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.
Дар Паёми навбатӣ таъкид гардидааст, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар бидиҳем. Барои ин аз тамоми имконот бояд истифода бибарем.
Сарвари давлат пеш аз он ки чунин дастури муфид медиҳанд, нахуст заминаҳои онро ба вуҷуд меоранду таҳким мебахшанд. Инчунин, таъкид доштанд, ки «ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем». Бо ҳалли масъалаҳои зикршуда, дар ҳақиқат, дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта метавонем.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ бояд андешида шавад.
Чунонки бармеояд, мақсад аз ин ҳама тарбияи наслест, ки дар баробари доштани дониши муосир, аз ҷумла дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ бояд ба воя бирасанд.
Танҳо чунин афрод барои пешрафти ҷомеа ва кишвар бо эҳсоси масъулиятшиносӣ хидмат карда метавонанд.
Гулбаҳор НАСРИДДИНОВА,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2017    №: 260    Мутолиа карданд: 1220
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед