сафарҳо
САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.2017 №: 260 Мутолиа карданд: 7256