номаҳо
Оре, никоҳи хешовандиро
бояд қонун манъ кунад
Матлаби мутахассисони соҳа Шамсиддин Қурбонов ва Ҷамшед Азимовро бо номи «Никоҳи хешовандонро бояд қонун манъ кунад» («Ҷумҳурият», 24 сентябри соли 2009) мутолиа кардам. Онҳо бо таҳлил аз вазъи ногувори вобастаи никоҳи хешовандӣ пешниҳод менамоянд, ки ба моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон банди наве ба чунин маъно: «Ақди никоҳ байни шахсони зерин: амакбачаҳо, холабачаҳо, тағобачаҳою аммабачаҳо манъ аст» ворид гардад.
Воқеан, ин масъала то ҳукми қонунӣ пайдо накунад, ҳалли худро намеёбад. Гап дар сари он аст, ки мо бо риоя накардани талаботи мазкур фарзандони носолимро ба дунё меорему як умр ранҷашонро мекашем. Ба ҷуз ин барои фарзандони носолим бояд давлат нафақа таъйин кунаду диҳад ва ё онҳоро тамоми ҳаёт ва ё як муддати тӯлонӣ таълиму тарбия намояд. Пас чаро мо дидаву дониста ба худ ва давлат бояд зиён бирасонем? Бачаҳои маъюб низ бо дарки масъала аз мо баъд норизоӣ мекунанд.
Ҳасан ФАЙЗУЛЛОЕВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3255