номаҳо
Аз навиштан хаста шудам
Дар оила мо аз 7 нафар иборатем. Ман маъюб ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошам. Набераам Умедҷон Сафаров 18-сола буда, маъюби гурӯҳи якум, модарзод аз ақл бегона аст, либосашро худ пӯшида ва хӯрок хӯрдаву сухан карда наметавонад. Аз сабаби набудани гази табиӣ зиндагии мо махсусан дар фаслҳои зимистону баҳор бениҳоят вазнин мегардад. Ба идораҳои дахлдор ва шахсони масъул хаттиву даҳонӣ барои васл кардани хатти гази табиӣ муроҷиат кардам. Аз соли 2004-ум ваъда медиҳанд, аммо бенатиҷа. Аз рӯи ваъда ва имтиёзи мавҷуда ҳар моҳ бо як баллони пури газ таъмин мегардидам, аммо гоҳҳо то се моҳ ҳам овардани он ба таъхир меафтад. Аз муроҷиату навиштани мактубу ариза хаста шудаам.
Додарбек САФАРОВ,
сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур- 58,
ҳуҷраи 12
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3269