logo

номаҳо

СИПОС БА ШАҲРДОРӢ

Душанберо ҳеҷ соле ба ин зебоиву дилрабоӣ надида будам. Бахусус, сарсабзии арчазорҳояш торафт фарохтар доман паҳн мекунад.
Ҳанӯз аз ёдам нарафта, ки ба ин амали нек нахустин шуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом варзиданд. Худ дар маъракаҳои нишондани арча бевосита ширкат  намуданд. Ҳолиё шаҳрдорӣ ин иқдоми некро идома дода истодааст. Дар мавриди мазкур саъю кӯшиши зиёди саривақтӣ анҷом мепазирад. Ҳатто агар баъди ду рӯз аз як гӯшаи шаҳр ба гӯшаи дигари он биравӣ, ҳатман тағйиротеро дар боби ободонӣ мебинӣ. Мебиниву мутмаин мегардӣ, ки пойтахти мамлакат симои худро беҳтар аз бештар дигар мекунад.
Мурод аз ирсоли ин нома баёни як ҳақиқати дигар аст, ки он ҳам иртибот мегирад ба ташаббусҳои созандагии шаҳрдорӣ. Агар қиёс шавад, пештар фақат дар маркази шаҳр як арчаи солинавӣ меоростанду халос. Имсол бошад, он дар ҳар як ноҳияи шаҳр ба зебоиву дилрабоӣ қомат афрохтааст. Махсусан, шабонгоҳ бо афрӯхтани чароғакҳои рангоранг ҳусни шаҳр меафзояд.
 Мардум гирди он шабонгоҳон ҷамъ меоянд. Овезаҳои солинавӣ ҳам диққатҷалбкунандаанд. Ба ман махсусан ороиши солинавии дар миёни чорраҳаи назди «Гулистон» - у бинои «Агроинвестбонк» бисёр писанд афтод.
 Ин ҳама тадбирандешиҳои дуруст касро умедвор месозад, ки соли 2018 - соли беҳтару фаромӯшношуданӣ хоҳад гашт.
Ба шаҳрдорӣ бо изҳори сипоси бепоён дар фаъолияти чашмрасу ташаббусҳои наҷибаш барор мехоҳаму муваффақиятҳои бештарро таманно мекунам.
Қурбоналӣ МАҶИДЗОДА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2017    №: 261    Мутолиа карданд: 1252
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед