номаҳо
Танқиду дархост
ба инобат гирифта шуд
Навиштаи Ислом Назаров, раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби деҳаи Файзободи шаҳри Кӯлоб, бо номи «Гилаамон на аз табиат, аз хоҷагони об аст»,ки дар гӯшаи «Розу ниёз» («Ҷумҳурият», 21 апрели соли 2009) ба табъ расида буд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Танқид ва дархости ӯро ба инобат гирифта, ҷиҳати таъмини об барои боғаш чораҳои мушаххас андешидем. Айни замон Ислом Назаров мутобиқи реҷаи тақсимоти об боғашро обёрӣ мекунад.
Ҳ. АБДУЛЛОЕВ,
раиси шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3166