logo

порлумон

НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ ҶИНОЯТКОРӢ

Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2017 дар пайи амалиёти муштараки «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда», ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби ноболиғон 517 ҷиноят ва ҷавонон 4 410  ҷиноят сабт гардидааст, ки боиси нигаронист.
Ин нукта аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мусалам Қодирова дар муҳокимаи ошкорои порлумонӣ, ки бо ҳузури роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори давлатӣ доир шуд, баён гардид. Дар муҳокимаи ошкорои порлумонӣ татбиқи  «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 тасдиқ шудааст, мавзӯи меҳварӣ буд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар иштирокчиён зимни таҳлил ва натиҷагирӣ аз татбиқи барнома, вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавононро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ки ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон содиршударо 20 нафар духтар ва 512 писар анҷом додаанд. Тибқи натиҷагирӣ аз ин шумора 70  нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 нафар литсейҳои касбӣ - техникӣ ва коллеҷҳо буда, 448 нафар дар ягон ҷой кору таҳсил намекунад.
Мувофиқи талаботи қонунгузорӣ нисбат ба падару модарон ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар иҷрои уҳдадориҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир кардаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба судҳо ирсол гардидаанд. Дар натиҷа 1745 падару модар барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон дар ҳаҷми 159 510 сомонӣ ҷарима ва 374 нафари дигар огоҳонида шуданд.
Мунаввари САФАР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 4940
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед