номаҳо
Аз дамидани Сурхоб
нигарон набошед!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ номаи Раҳими Рафеъзодро бо номи «Аз дамидани Сурхоб нигаронем» («Ҷумҳурият», 16 июни соли 2009) бо иштироки масъулони дахлдор мавриди баррасӣ қарор дод. Дарёи Сурхоб зери таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дошта, сатҳи ҷараёни оби дарёи мазкур ҳамарӯза зери назорат аст.
Барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзеъ 347 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки ба воситаи ҳашари мардум, дар ҳолати набудани техникаю маводи лозима кореро ба анҷом расонидан ғайри имкон аст. Дар мустаҳкам намудани ҳар як метри мураббаи соҳили дарё беш аз 5 ҳазор сомонӣ лозим мебошад.
Дар ҳолати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудан ин қисмати хавфноки соҳили дарёи Сурхоб, ки 1800 метрро ташкил медиҳад, мустаҳкамтар карда мешавад.
С. ВАЛИЕВ,
иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3167