logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТОҶИКИСТОН ЗЕБОТАР АЗ ОН АСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ

Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзали сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сайёҳон ба таваҷҷуҳ ба  ҳунарҳои миллӣ ба кишвар  рӯ меоранд ва тавассути онҳо чунин ҳунарҳо  ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд. Ҳоло ин ду ҷода дар тамоми давлатҳо  дар якҷоягӣ аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ касб менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018 - ро - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Ҷанбаъҳои дигари ин иқдоми муҳимро аз  мутасаддиёни соҳа пурсон шудем. Лола Мамадризоева, менеҷери ширкати сайёҳии «Айстур» дар ин бобат чунин гуфт:
- Аз рӯйи баҳогузории сайёҳони хориҷӣ сифати маҳсулот ва  гуногунрангии табиату тамаддуни кишвари мо нисбат ба бисёри мамолики дигар беҳтару ҷолибтар аст. Дар аксари мавзеъҳои тамошобоби Тоҷикистон баробари кӯҳсор ва обҳои мусаффои чашмаю рӯдҳои хурӯшон, инчунин, осори ғании таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст. Ҳамаи ин вижагиҳои диёри мо имконият медиҳанд, ки сайёҳон аз тамоми гӯшаю канор ба сарзамини мо ворид гарданд. Барои истифодаи самараноки чунин манбаъҳо дар роҳи рушди иқтисодӣ дастгирию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавқеи  асосӣ дорад. 
Боиси хурсандист, ки Сарвари давлат имтиёзҳои зиёдро дар самти фаъолияти ширкатҳои туристӣ фароҳам оварданд, ки чунин шароити кор дар кишварҳои дигар ба назар намерасад.
 «Айстур» -  яке аз ҷавонтарин  ширкатҳои сайёҳист, ки дар доираи дастгириҳои Сарвари давлат соли равон  фаъолияташро дар Тоҷикистон ба роҳ монд. Он аз имтиёзҳои муҳайёнамудаи давлату Ҳукумати кишвар бархӯрдор буда, дар  муддати кӯтоҳ  эътибор пайдо намуд ва  меҳмонони хориҷиро, бештар аз кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Олмон ва Чин  ба гӯшаю канори Тоҷикистон овард. Дар гармчашмаҳои ноҳияи Ишкошим бинобар теъдоди зиёди меҳмонон норасоии ҷойи хоб ба вуҷуд омад. Ҳоло дар ин мавзеъ зарурати   ташкили меҳмонхонаҳои зиёдтар  пеш омадааст, то масъулон  имконият пайдо намоянд, ки шумораи бештари сайёҳонро фаро бигиранд. Хусусан, бунёди хостелҳо, яъне меҳмонхонаҳои хурд-хурд дар фосилаҳои муайяни як мавзеъ мувофиқи талаби замон аст. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 боиси ҳавасмандии зиёди роҳбарияти ширкат гардид. Мо мақсад дорем, ки соли оянда  саёҳати сокинони кишварро  ба минтақаҳои ҳамдигар  роҳандозӣ намоем. Шаҳрвандони мамлакат ба ин васила аз дороии табиати нотакрори Ватани хеш зиёдтар огоҳӣ пайдо менамоянд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 1295
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед