logo

ҳуқуқ

КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ Ё СОЛИ ОРМОНҲОИ ҶАВОНӢ

- Бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон намудем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ғамхории Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд.
Ин ҳарфҳои пурҳикмат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуданд, мо - насли ҷавонро вазифадор месозанд, ки дар партави ғамхориҳои бесобиқаи Сарвари давлат, ташаббускори амалҳои созанда бошем ва барои пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.
Аслан, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ибтидо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дошт ва ба ин манзур институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, феълан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Гузашта аз ин, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд.
Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин дидгоҳ, ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳалаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Феълан, дар баробари дигар соҳаҳо нақши ҷавонон дар пешрафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ назаррас мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипарӣ зиёда аз 60 нафар кадрҳои ҷавон, ки дорои таҷрибаи корӣ ва донишу малакаи баланди касбӣ мебошанд, бори аввал ба вазифаи судягӣ таъйин гардиданд, ки далели ин гуфтаҳост. Дар мақомоти судӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дастгирии кадрҳои ҷавон ва нақши онҳо дар таҳкими фаъолияти мақомот авлавият дода мешавад. Аз ҷумла, судяҳои ҷавон мунтазам барои такмили ихтисос ба Суди Олӣ даъват гардида, малакаю дониши касбии худро бобати таҳия ва қабули санадҳои қонуниву асоснок, омодасозии ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тартиби баҳои ҳуқуқӣ додан ба далелҳои парванда ва дигар самтҳои пешбурди адолати судӣ тақвият мебахшанд.
Боварӣ ва эътимод ба ҷавонон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар ҳама соҳаҳо самимона дастгирӣ мешаванд, моро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳову растанҳо, ба қадри истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу суботи комил бирасем. Бахусус, дар ҳоле  ки ҷаҳони муосирро таъсири ақидаҳои ифротгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ фаро гирифтааст, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва  пайравони асили Пешвои миллат бошем.
Гулнора РАСУЛЗОДА,
судяи суди шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 1008
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед