logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Пора ба дасти кормандони милитсия завлона зад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди мақомоти корҳои дохилӣ хабар дод, ки ба гирифтани пора айбдор мешаванд.
Тибқи иттилои сомонаи агентӣ, сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода майори милитсия Қамариддин Орифзода аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо нозири минтақавии маҳаллаи 4 - и шаҳр капитани милитсия Акбар Ҷонбобоев, бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ, аз шаҳрванд «А» барои аз ҷавобгарӣ озод намудани бародараш 8000 сомонӣ талаб намудаанд. Кормандони милитсия аз ин маблағ 4000 сомониашро гирифта, бародари шаҳрванд «А» - ро аз боздоштгоҳи муваққатии шуъба озод ва 2000 сомонии дигар талаб кардаанд.
Бино ба гузориши манбаъ, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Қамариддин Орифзода дар рӯ ба рӯи маркази дилхушии «Ҳабибӣ», воқеъ дар маҳаллаи 5 - и шаҳри Турсунзода, баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 2000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи ба сифати пора гирифтааш ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Дар робита ба ин амал нисбат ба Қамариддин Орифзода ва Акбар Ҷонбобоев бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «б,в» - и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Авбошӣ оқибаташ маргу зиндон шуд
Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор бар асоси шаҳодати як ҷавони 18 - солаи сокини деҳаи Ҳуҷуми шаҳр гумонбарони қатли модарашро боздошт ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.
Бар пояи иттилои сомонаи вазорат, ин ҷавон ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор муроҷиат кардааст, ки зуҳри 25 декабри соли 2017 бародарон - марди 22 ва ҷавони 18 - сола, сокинони ноҳияи Шаҳринав ба манзили истиқоматиашон омада, бе ягон асос модари 64 - солаашро латукӯб намудаанд. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  модар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 1087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед