logo

маориф

ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ. БУРДҲО ВА БОХТҲО

Таҳсилоти иловагӣ ҷараёни мақсадноки таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар таъмини соҳаҳои гуногуни кишвар бо мутахассисон нақши муҳим мебозад. Ин зинаи таҳсилот  истеъдод ва қобилияти зеҳнию эҷодии насли наврас ва ҷавонро  ташаккул дода, барои интихоби касб ба онҳо кумак мерасонад.

Айни замон дар мамлакат 83 маркази таҳсилоти иловагӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 1524 маҳфил бо фарогирии зиёда аз 50 ҳазор хонанда фаъолият мекунад. Боиси зикр аст, ки таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба маҳфилҳои забономӯзӣ, «Техникони ҷавон» ва «Сайёҳӣ» рӯз ба рӯз меафзояд. Ҳамчунин, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи сайёҳии кӯҳӣ дар давоми моҳҳои март - июни соли сипаришуда семинар оид ба тайёр кардани роҳбаладон ва дастурдиҳандагони сайёҳии кӯҳӣ дар дараҳои Варзоб ва Ромит гузаронда шуд, ки ин тадбир барои бедор кардани шавқу рағбати хонандагон нисбати соҳа мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи инноватсионии наврасон дар Тоҷикистон» марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Синои пойтахт бо таҷҳизот муҷаҳҳаз гардиданд. Бо вуҷуди ин, як қатор омилҳое ҳастанд, ки дар кори ин марказҳо монеа эҷод кардаанд. Тавре Умед Сафаров, директори маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ,  иброз дошт, аз 83 марказ 29 - тои он бинои алоҳида надорад.

Осорхонаҳои мактабӣ аз байн мераванд. Чаро?
Яке аз самтҳои фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ омӯзиш ва ташкили осорхонаҳои мактабӣ мебошад, ки онҳо дар азхудкунии корҳои таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯӣ ва сайёҳӣ - кишваршиносии насли наврас ва ҷавон нақши бориз доранд. Дар иртибот ба ин, Шаҳриёр Назаров, мудири шуъбаи кишваршиносии маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ, гуфт, ки айни ҳол дар мамлакат 144 осорхонаи мактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 117-тои он фаъолият мекунад. Мутаассифона, кори аксари ин осорхонаҳоро мувофиқи мақсад ба роҳ намондаанд. Масалан, осорхонаҳои мактабии ноҳияҳои Фархор, Ховалинг ва Файзобод, ки қаблан фаъолият менамуданд, бо сабаби ҷудо нагаштани воҳиди корӣ аз байн рафтанд. Дар баробари ин, аксарияти осорхонаҳо дар синфхонаҳо ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо барои ҳифзи нигораҳо шароит муҳайё нест.

Чӣ бояд кард?
- Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар тобеи мақомоти маҳаллӣ буда, аз буҷаи он маблағгузорӣ мешаванд,- мегӯяд Умед Сафаров. - Бинобар ин, онҳоро мебояд, ки барои таъмини муассисаҳои мазкур бо бинои алоҳидаю додани мустақилияти молиявӣ ва ҷудо намудани воҳидҳои корӣ чораандешӣ кунанд. Ҳамчунин, бештари муассисаҳои мазкур дар маркази шаҳру ноҳияҳо ҷойгиранд. Аз ин рӯ, мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки ҷиҳати ташкили маҳфилҳо дар базаи муассисаҳои таҳсилотии деҳаҳои дурдаст  низ тадбирҳо андешанд. Масалан, чунин таҷриба дар шаҳрҳои Бӯстону Исфара натиҷаи хуб дод. Чуноне ки Сарвари давлат дар суханрониашон бахшида ба “Рӯзи дониш” иброз дош-танд: “Мо бояд на танҳо аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳоро ба роҳ монем”.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 1318
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед