номаҳо
Сертификатҳоро ройгон ба
тартиб оварданд
Кумитаи заминсозии ноҳияи Мастчоҳ номаи як гурӯҳ истиқоматкунандагони хоҷагии деҳқонии «Ревомутк-2»-ро, ки бо номи «Мо, ҷабрдидагон, дар ташвиш мондаем» дар гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» 16 июни соли 2009 ба табъ расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар ҳақиқат, дар сертификатҳои ҳуқуқии истифодаи замини наздиҳавлигии шикояткунандагон хатоиҳо роҳ ёфта будаанд. Пас аз он ин сертификатҳоро мутахассисон ба таври ройгон ба тартиб оварданд ва ба соҳибонашон дастрас гардониданд.
У. НИЁЗОВ,
раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3103