logo

ҳуқуқ

МАВОДИ ТАРФГАРӢ. БОЗДОШТ ВА МУСОДИРАИ 400 000 ДОНА ДАР САРҲАД

Дар остонаи таҷлил аз Соли нави мелодии 2018 марзбонони тоҷик ду ҳолати воридоти ғайриқонунии маводи таркандаи пиротехникиро дар ҳаҷми калон пешгирӣ карданд.

Аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд, ки рӯзҳои 28 ва 31 декабри соли 2017 аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии отрядҳои сарҳадии “Мурғоб”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва “Деваштич” - и вилояти Суғд воридоти ғайриқонунии 700 килограмм маводи тарфгарӣ ошкор ва мусодира шуд. Аз миқдори умумии маводи мусодирашуда, ки 400 000 донаро ташкил медиҳад, 600 килограммаш мансуб ба Отряди сарҳадии “Мурғоб” буда, хизматчиёни ҳарбӣ аз мошини таҳти идораи Қушбай Мамбедқулов, зодаи ноҳияи Мурғоб ва истиқоматкунандаи деҳаи Сармуғули вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, пайдо кардаанд.
Қисми дигари маводи тарканда ҳангоми гузарондани корҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Деваштич” ошкор ва мусодира шуда, оид ба ҳар ду ҳолат тафтишот идома дорад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, изҳор дошт, ки қаблан ҳам аз ҷониби марзбонон чандин мавриди убури ғайриқонунии марз ва кӯшиши интиқоли маводи тарфгарӣ ошкору пешгирӣ шуда буд. Вале пешгирии ин ду ҳолат аз нигоҳи ҳаҷми маводи тарканда дар соли 2017 бесобиқа буд.
Зарфи чанд соли охир чораҳои пешгирӣ ҷиҳати воридот ва истифодаи маводи тарфгарӣ пурзӯр гардида, ҳамзамон дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1991) барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан ва ба соҳибияти каси дигар додани чунин мавод ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Ф.ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 1081
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед