logo

номаҳо

ЧУН МАН ФИРЕБ НАХӮРЕД

Дар ин бора наменавиштам, агар ҳодисаи номатлуб бори дувум дар як хатсайр рух намедоду муносибати ронанда ба андак меъёри одамгарӣ ҷавобгӯ мебуд.  Ва ҳам дилам чун ба пули миллӣ  сӯхту муносибати бархе  аз шаҳрвандонро нисбат ба он номуносиб дарёфтаму беэҳтиромӣ шумурдам.

Чанд рӯз пештар дар маршруткаи хатсайри рақами 16 аз назди мағозаи «Ёвар» нишастаму то Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев омадам. Аз 10 сомонӣ ронанда 9 сомонӣ бақия дод. Дар маршруткаи хатсайри рақами 52 аз ин бақия як  пули сесомониамро чун роҳкиро дароз кардам. Ронанда онро пас баргардонду гуфт, ки ин пул ду рақаму ду серия дорад. Дидам, чунин буд. Албатта, дар хиҷолат афтодам. Онро баъд дарондам. Хостам, ки ба дасти дигаре наафтаду дар ҳолати ногувор намонад. Оре, вақте маслиҳат доданд, ки «бонкамат» - ҳо ин ҳақиқатро дарнамеёбанду аз он истифода бикунам.
28 декабри соли 2017, соати 7 - у 40 дақиқа аз ҳамон ҷои зикршуда ба хатсайри рақами 16 нишастам. Бо гирифтани бақия (аз 10 сомонӣ) ба пули панҷсомона назар кардам. Он ду серияву ду рақам дошт. Яъне аз ду пул як пул сохтаанд. Вақте ки  ин ҳақиқатро ба ронанда изҳор доштам, ҳамаи пулҳои бақиядодаашро аз дастам бо муомилаи бад гирифту пуламро баргардонд. Гуфтам: «Пас ҳаққи роҳкиро чӣ мешавад?". Бо ғазаб изҳор дошт: «Пулат даркор нест. Минбаъд туро дар маршруткаам савор намекунам».
Ба чӣ хулоса биёям? Ӯ медонист, ки пул ду серияву ду рақам дорад? Ва хостааст, ки ба воситаи ман манфиат бубинад? Оё он ва ин пулро, ки ҳар ду сохта буданд, ба ман ҳамин як ронанда надодааст? «Банкомат»-ҳо аз ин гуна пулҳо чӣ қадар зарар дидаанд?
Зарур шумурдам, ки ба гӯшаи дӯстдоштаам «Шаҳрванд» дар ин хусус бинависам. Албатта, ба ин умед, ки масъулон сари ин масъала ё худ қаллобкорӣ, агар ҳамин тавр гуфтан мумкин бошад, меандешанду онро мусбат ҳал мекунанд.
С. ДАВЛАТЗОДА, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 1282
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед