мусоҳибаҳо
Эмомалӣ РАҲМОН: "Ташвишҳои роҳбарӣ нияти маро дар мавриди таълифи китоб дигар накарданд"
Мусоҳиба бо Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯзномаи мисрии «Ал-мисри-л-явма» дар таърихи 31 августи соли 2009 ба муносибати ба забони арабӣ нашр шудани китоби сеҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих»
Одатан сарварони давлатҳои дунё ба ояндаи кишварҳои худ бидуни назар афгандан ба таърих таваҷҷӯҳ менамоянд. Аммо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти он, ки пеш аз ба арсаи сиёсат қадам ниҳодан дилгармии зиёде ба таърих ва таърихнигорӣ доштааст, бо якҷоягӣ ба гузаштаву оянда назар андӯхтанро бартар шумурда, чунин қарор додаст, ки таърихи халқи худро ба таври амиқ омӯзад. Зеро таърих аз нигоҳи ӯ, чи хеле ки таъкид намуд, пойдевори ҳамагуна пешравиҳост.
Бо вуҷуди машғулиятҳои роҳбарӣ ва саргармиҳои сиёсат, чизе натавонистааст пеши роҳи муҳаббати ӯро нисбат ба таълиф бигирад. Навиштан, аз нигоҳи ӯ, кори лаззатбахши ҳақиқиест, ки ӯ метавонад дар радифи масъулиятҳои бузурги худ ҳамчун Президент ба он машғул шавад.
Президент Эмомалӣ Раҳмон китобе ва ё маҷмӯаи таърихиеро навиштааст, ки он дар се ҷилд бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба табъ расидааст. Ин китоб ба забони арабӣ дар нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» рӯи чопро дида, ба ин муносибат дар шаҳри Шармушшайх маросими тақдим ороста шуд.
Рӯзномаи «Ал-мисри-л-явма» ба шакли инфиродӣ бо Президенти таърихшинос ҷиҳати бархурдор гаштан аз таҷрибаи пешвоёна ва ибратангези ӯ мусоҳиба баргузор намуд ва ҳамроҳи ӯ дур аз масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар миёни баҳрҳои адаб шиноварӣ намуд. Тафсилоти ин мусоҳиба пешкаши хонандагон мегардад.
Дар оғоз ба он ишора менамоем, ки ин китоб ё маҷмӯа аз чор қисм иборат буда, 3 ҷилди он ба нашр расидааст. Ҷилди якуми он марҳилаи таърихи тоҷиконро аз Ориён то Сомониён дар бар мегирад, ки он давраи қадимтарини таърихи тоҷикон – яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ҷилди дуюм бошад, аз се боби асосӣ иборат мебошад: «Густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ дар аҳди Ҳахоманишиён», «Растохези Ориёно ва нуфузи давлатдорию тамаддуни эллинӣ», «Силсилаи Тӯрониён ва эҳёи давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ».
Ҷилди сеюм бошад, баҳор ва хазони тамаддуни ориёӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, давлатҳои Сосониёну Ҳайтолиён ва растохези вопасини тамаддуни ориёӣ дар остонаи зуҳури ислом, таъсисёбии хилофати исломӣ ва ибтидои лашкаркашиҳои араб ба Эрону Рум, истилои араб ва интишори ислом дар Хуросону Мовароуннаҳрро дар бар мегирад.
Ҷилди чорум, тавре ки Ҷаноби Президент мефармояд, дар марҳилаи таълиф аст ва аз сабаби масъулиятҳои зиёди роҳбарӣ каме ба таъхир афтодааст, лекин қариб аст, ки ба анҷом расад ва дар охири соли ҷорӣ омодаи чоп хоҳад шуд. Дар он таърихи муосири тоҷикон инъикос хоҳад гардид.
Дар бораи аҳамияти ба табъ расидани ин асар Президент Эмомалӣ Раҳмон чунин мегӯяд: «Ин барои тамаддуни шарқӣ ва ҳаводорони он иловае буда, танҳо дар доираи таърихи халқи тоҷик ва он дастовардҳое, ки бо он тамаддуни башариро пурғановат сохтааст, маҳдуд намегардад, балки таърихи тамоми халқҳои бо мо ҳамзабони минтақа, хусусан масъалаҳои вобаста ба дини ислом ва тамаддуни исломро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Мардуми тоҷик урфу одатҳои исломии асили худро дар тӯли таърих, ҳатто дар замони шӯравӣ нигаҳ дошта, пойбандии худро ба фарзҳои динӣ ва ибодатҳо дигаргун насохтааст ва дар масири таърихи ислом мавқеи босазоеро касб намудааст. Чандин нафар аз олимон ва нобиғагони дин ба монанди бузургтарин имомони Ислом Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Ғазолӣ, Имом Абӯҳанифаи Нӯъмон, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Саҳобӣ, Салмони Форсӣ ва Шайхурраис Ибни Сино асли тоҷикӣ доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ишора менамояд, ки иртиботи мардуми тоҷик бо ҷаҳони ислом таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад, ки он қисмати калонеро дар китоби мазкур аз бар намудааст. ӯ мегӯяд: «Мо дар тӯли чанд даҳсолаи гузашта дар паси низоме қарор доштем, ки Иттиҳоди Шӯравӣ номида мешуд. На танҳо мо, балки зиёда аз сад қавмияти дигар низ дар чунин ҳолат қарор дошт. Бо вуҷуди ин дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои мо забони арабӣ омӯхта мешуд ва ибораи «ассалому алайкум» моро дар давоми зиёда аз ҳазор сол бо ҷаҳони исломӣ мепайваст. Дини расмии кишвари мо Ислом аст, валекин теъдоди зиёде аз мардум дар сатҳи олами арабӣ ва исломӣ чизе дар бобати фарҳанг ва тамаддуни исломии тоҷикон намедонанд, аз ин рӯ фикри навиштани ин китоб ба миён омад».
Ва афзуд: «Дар паси таълифи ин китоб сабабҳои дигаре низ вуҷуд доранд ва шояд барҷастатаринаш он бошад, ки халқи тоҷик, хусусан дар даврони шӯравӣ, таърихи худро ба таври лозимӣ намедонист ва ба вижа таърихи тоҷикон тӯлонӣ ва дорои тамаддуни бостонист, ки аз он халқҳои зиёди дунё, махсусан ҷаҳони араб ва ислом, огаҳӣ надоранд. Ман ба якчанд кишвари ҷаҳон, хоҳ арабӣ бошад, хоҳ исломӣ ва ё аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷиҳати омӯзиши масъалаҳои вобаста ба таърихи тоҷикон сафарҳо анҷом додаам».
ӯ низ ба мисли ҳар як эҷодкорест, ки кори эҷодиеро ба иҷро мерасонад. Мӯҳтарам Президент мефармояд: «Монанди дигар эҷодкорон дар навиштан машаққати зиёде кашидам. Марҳилаи вилодати ин китоб бениҳоят душвор ва тӯлонӣ буд. Ба вижа дар баробари омӯхтани таърихи тоҷикон эҳсоси амиқи дарднок маро фаро мегирифту ҳамроҳи ин мардум дар даврони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бархӯрди дохилӣ азият мекашидам. Сипас ин китоб ба арсаи ҳастӣ омад, то таъкид намояд, ки мо мардуми соҳибтамаддун ва фарҳангофаринем ва моро лоиқ нест, ки вориди ҷанги шаҳрвандӣ гардида, якдигаркушӣ кунем».
ӯ равшанӣ андохт, ки дар даврони шӯравӣ мардуми тоҷик дорои ҷумҳурияте буданд, ки тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва то эълони истиқлолият дар 9 сентябри соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт. Сипас кишвар ба зудӣ вориди ҷанги шаҳрвандӣ гашт, ки он 5 сол идома ёфт. Ва бо баракати саъю талошҳои паёпайи фарзандони Ватан пас аз ба тасвиб расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 оташи сӯзони ин ҷанг хомӯш карда шуд ва ба Оштии миллӣ тамоми қувваҳо ва гурӯҳҳои даргир пайвастанд. Таҷрибаи Оштии миллӣ дар Тоҷикистон аз таҷрибаҳои беҳамто ва бесобиқа дар дунё ба шумор меравад ва сазовори он аст, ки омӯхта шуда дар дигар минтақаҳои доғи сайёра, ки дар он оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада пора-порааш месозад, мавриди пиёда ва амалисозӣ қарор гирад. Ва аз ҳамон вақт инҷониб ҷароҳат марҳам ёфт ва бо ба сӯи Ватан боз гаштани фарзандони фирории халқ сафи мардум ҷамъ ва муттаҳид гашт. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири таҳкими ваҳдат ва субот тадбирҳои зиёде амалӣ гаштаанд ва кишвар имрӯз дар роҳи рушду пешрафт қадамҳои устувору боварибахш мениҳад.
Дар бораи замони навиштани ҷилдҳои сегона, ки ҳар яки он зиёда аз 300 саҳифаро дар бар мегирад, Сардори давлати тоҷикон чунин мегӯяд: «Андешаи таълиф намудани ин китоб дар зеҳни ман дақиқан 12 сол пеш пайдо шуда буд, валекин ин андеша пеш аз ба сари ҳокимият омаданам пухта расид ва баробар бо истиқлолияти миллӣ ба навиштани он шурӯъ намудам».
Президент Эмомалӣ Раҳмон илова мекунад: «Ҳангоме ки хонанда дар бораи фарҳанги асилу бостонии мардуми тоҷик, ки бо дастовардҳои футуҳоти исломӣ омехта гашта, ҳамчун фарҳанги миллие, ки дар он арзишҳо ва ахлоқиёти исломии барҷаста волоият доранд, мехонад, ангушти ҳайрат мегазад. Аз миёни мардуми тоҷик, ки соҳиби адабиёти оламшумул ва илмҳои дурахшон мебошад, фарзонагону нобиғагони зиёде баромадаанд, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар қарни нӯҳуми милодӣ ба рутбаи Маликушшуарои Аҷам ноил гашта буд (тирамоҳи соли гузашта 1150 -солагии ӯ ҷашн гирифта шуд), табиб ва файласуфи барҷаста Абӯалӣ ибни Сино ва имомони забардаст дар илмҳои тафсиру ҳадису фиқҳ ва силсилае аз олимону фозилону шоироне, ки барои шукуфоии тамаддуни башарӣ саҳмгузорӣ намудаанд. Зеро халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои сокини Осиёи Миёна ба шумор рафта, решаҳои таърихии тамаддуни он ба ҳазорсолаҳои пеш аз мелод мерасад».
Дар бораи он, ки оё ин китоб дар китобхонаҳои умумӣ ба хонандаи одӣ барои фурӯш пешкаш карда мешавад ё на, мегӯяд: «Ин китоб дар кишвари мо ба фурӯш бароварда нашудааст. Вай низ монанди дигар корҳои эҷодиву таърихист. Лекин ман хостам тавассути ин китоб таърихи кишвари худ ва тамаддуни онро эътимоднок намоям, то дар китобхонаҳои бузурги миллии кишварҳои арабӣ ва исломии ба забони арабӣ ҳарфзананда дастрас гардад. Инчунин китоби мазкур ба якчанд забони дигар, аз ҷумла форсӣ, англисӣ ва фаронсавӣ, тарҷума шудааст. Имрӯз баъди бо забони арабӣ рӯи нашрро дидан, ин иқдом як дастоварди ҳақиқие барои ин китоб ба шумор меравад».
Шоистаи ёдоварист, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон якчанд асари таърихӣ таълиф намудааст. Инчунин ӯ соҳиби якчанд мақолаву тарҷума оид ба фалсафаи исломӣ мебошад. Ин маҷмӯаи таърихии навин барои ӯ дар ҷодаи китоб ва шиноварӣ дар баҳрҳои калимаҳову ибораҳо –хоҳ таърихӣ бошад, хоҳ фалсафӣ – гоми нахустин набудааст. Ҷаноби Президент мегӯяд: «Маснади президентӣ шавқмандии маро нисбат ба навиштану таълиф намудан дигаргун насохт, балки вазифаҳои дигареро дар баробари масъулиятҳои калоне, ки бар дӯши ман аз ҳангоми ба президентии кишвар расиданам гузошта шуда буд, илова намуд. Аммо муҳаббати ман ба китобат ва таърих ҳамчун амри роҳатбахше боқӣ мемонад, ки ман онро илова бар масъулиятҳои калони худ пайгирӣ менамоям. Ҳангоме ки ман китобҳоямро навиштам, аз ҳар гуна мансаб ва курсие, ки дар он нишинам, озод будам. Балки танҳо як тоҷики мусулмон бо гирифтани варақу қалам дар даст шояд тавонад тадқиқотеро барои таърих тақдим намояд».
Ҷаноби Президент инкор наменамояд, ки дар оилаи миёнаҳол ва одӣ ба воя расидани ӯ таъсири амиқеро барои дар китоби худ нигоштани одату анъанаҳои асил ва фарҳанги бостонии тоҷикон, ки онро наслҳо аз наслҳо мерос бурдаанд, гузоштааст. ӯ мегӯяд: «Шакке нест, аз оилаи деҳотӣ, ки дар он анъанаву одатҳои асили мардум таҷассум ёфта буд, баромаданам таъсири амиқи худро ба андешаи навиштани ин китоб гузошта буд. Илова ба таҷрибаҳои ҳаётии гуногун, ки маро барои амиқтар омӯхтани ҷузъиёти дақиқи ҳаёти мардуми тоҷик ёрӣ мекард, инчунин тӯшаи бузургеро аз таҷрибаҳои паёпайи наслҳои куҳан бо худ гирифтаам».
Бо вуҷуди он, ки Ҷаноби Президент бо забони арабӣ ҳарф намезанад, рӯзномаи «Ал-мисри-л-явма» аз атрофиёни ӯ аз як одати ӯ огаҳӣ пайдо намуд, ки ӯ ҳар субҳ рӯзи худро бо хондани Қуръон оғоз менамояд ва рӯзи кориашро низ бо тиловати ин китоб хотима мебахшад. Худи ӯ дар бораи ин одат мегӯяд: «Қуръони Карим дар рӯҳияи ҳар як мусулмон таъсири амиқ дорад, агарчи тарҷумашуда ҳам бошад. Дар ҳақиқат ман дар муддати солҳои зиндагӣ ин одатро пешаи худ қарор додаам, ки он зеҳни маро мусаффо ва барои андешаронӣ қавитар мегардонад ва аз ғаму мушкилоти рӯзгор бароям роҳате мебахшад. Инчунин ба такрор хондани ин китоб бароям маъниҳои амиқеро ато намуда, бардавом ақлу шуури маро боз менамояд. Дар ҳақиқат ин мӯъҷизаи Худованд дар рӯи замин аст».
ӯ меафзояд: «Хондани таърих осон нест ва бо диққати ҷиддӣ омӯхтани он низ кори сабуке намебошад. Шояд ин ҷо нависанда ва муаллифи барҷастаеро ёдовар шавам ва ӯро метавонам устоди аввалини худ хонам. ӯ аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. ӯ аввалин шахсест, ки дар бораи тамаддуни тоҷикон асарҳои бузурге навиштааст. Дар миёни беҳтарин адибоне, ки асарҳояшонро хондаам, нависандаи забардасти Миср Наҷиб Маҳфузро метавонам ёдовар шавам. Аз бузургони адабиёти классикии форсу тоҷик осори Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозиро бо як муҳаббати хоса метавон номбар кард».
Бо вуҷуди ҳаҷми масъулиятҳои бар дӯши ӯ ҳамчун Президенти ҷумҳурӣ гузошташуда, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ғофил намемонад, ки фарзандону наберагони худро дар рӯҳияи тарбияи саҳеҳи исломӣ парвариш намояд, агарчӣ адади онҳо зиёд аст. ӯ хандида мегӯяд: «Фарзандонам пеш аз маснади президентӣ ҳафт нафар буданд ва баъд аз ба ин маснад расиданам боз ду нафари дигар зиёд шуданд. Бо вуҷуди он ки ман нисбати эшон муҳаббати амиқ дорам, инчунин гумон мекунам, ки ман дар масъалаи тарбияи фарзандону наберагонам падар ва бобои бениҳоят сахтгир ҳастам. Ман доимо мекӯшам, ки арзишҳои ахлоқии тарбияи исломиро дар ниҳоди онҳо пайваста парвариш диҳам. Сиёсатмадор будани ман маънои онро надорад, ки ман падар ва бобои ҳифозаткунандаи одоту расму русуми хонадони худ набошам. Ман фарзандон ва наберагони худро дар рӯҳияи дӯст доштани хониш ва фурӯравӣ ба омӯзиши таърих тарбия намудаам, зеро бидуни хондани таърих ва аз бар кардани панду андарзҳои он, инсон ҳозираву оянда надорад».
Дар бораи машғулиятҳои дӯстдоштаи худ мегӯяд: «Албатта, китобхонӣ ва боз ҳам китобхонӣ, бахусус хондани китобҳои таърихӣ. Илова бар ин аспсаворӣ, гулпарварӣ ва шунидани мусиқии классикӣ ва халқӣ, ки дар ин корҳо маро фарзандонам ва наберагонам ҳамроҳӣ менамоянд».
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд доштани суратҳои нодир ва дастхатҳои зиёди таърихӣ ишора намуда мефармояд: «Ман дар кишварам аз шимол ба ҷануб ва аз шарқ ба ғарб қадам задам, то ин васиқаҳоро ҷамъоварӣ намоям ва илова бар ин аз ҳама кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва аксари давлатҳои арабӣ ва исломӣ ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз паҳншавии тамаддуни тоҷикон дар ин кишварҳо дидан кардам. Яке аз васиқаҳои нодире, ки ба васиқаҳои тамаддуни исломӣ вобастагӣ дорад, махсусан васиқаи Балъамӣ мебошад, ки яке аз арбобони давлатӣ ва сиёсӣ дар замони давлати Сомониён ба шумор меравад. Васиқаи дигар дар бораи давлатҳои ориёӣ ва сомонӣ мебошад.
Дар давоми мусоҳиба рӯзномаи «»Ал-мисри-л-явма» маълумотнома дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҷумаи ҳоли мухтасари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва замимаи зеринро ба таваҷҷӯҳи хонандаи араб расонидааст:
Барномаи Исломӣ
Президент Эмомалӣ Раҳмон соҳиби як қатор ташаббусҳо ва барномаҳое мебошад, ки ба тамаддуни исломӣ ва мероси он равона карда шудааст. Аз ҷумлаи онҳо барномаи исломии миллии « дастраскунии тарҷумаи Қуръони Карим ба ҳар хонадон» ва барномаи тарҷума ва нашри китоби фиқҳи ҳанафӣ «Ҳидояи шариф» ва дигар китобҳои фиқҳи исломӣ ба забони тоҷикӣ, ки аз ҳисоби шахсии ӯ амалӣ хоҳанд гашт. Инчунин соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифаи Нӯъмон эълом гаштааст ва ба муносибати таҷлили 1310- солагии ин шахсият 5 октябри соли ҷорӣ симпозиуми байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳони исломӣ меҳмонон ширкат хоҳанд варзид.
Ҳамчунин ӯ китоби машҳуре бо номи «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» дорад.
Аз арабӣ тарҷумаи
Акрам КАРИМОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 42278