logo

маориф

АЗ ИҶРОИ РИСОЛАТ ТО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ

Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шумори муассисаҳои таълимиест, ки хонандагони он ҳамасола чи дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва чи дар хориҷи кишвар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф мешаванд.
- Ҳамасола иштироки хонандагон дар озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар соли 2017 дар олимпиадаҳо 196 нафар хонанда аз фанҳои гуногун иштирок карда, ҷойҳои намоёнро гирифтанд. Аз ҷумла, Муҳаммадҷони Ҷамолиддин, аз фанни география ҷойи аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд, - гуфт Шоҳрух Ғаффоров директори литсей.
Маҳз кӯшишу ғайрати бевоситаи омӯзгорону устодони муассиса аст, ки имрӯз хонандагони он ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Хонандаи синфи 9 Ёсуман Исмонзода дар озмуни «Кӯдакони нобиға» (GeniusKid – 2017) – и шабакаи телевизионии «Россия -1» бо истеъдоди худ тамошобинонро мафтун намуд.  Ин дастоварди ӯ боис гардид, ки аз пардохти минбаъдаи таҳсил озод карда шавад.
Тавре  муовини директор оид ба таълиму тарбия Шаҳло Шарифова иброз дошт: “Ҷамъи омӯзгорони литсей 44 нафар буда, бештарашон дорои дараҷаи тахассуси олӣ мебошанд. Онҳо аз шаклу методҳои гуногун, ба монанди методҳои анъанавии таълим, методи илмӣ – тадқиқотӣ ва ҳозиразамони таълим васеъ истифода мебаранд. Дар литсей 1 нафар Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва 5 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон ифои вазифа менамоянд. Ин омӯзгорон иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои литсей ва муаллифи чандин мақолаву дастурҳои омӯзишӣ низ мебошанд.
- Дар таълимгоҳ аз аксари фанҳо, махсусан аз фанҳои дақиқ сифати дониши хонандагон санҷида мешавад. Бо хоҳиши хонандагон дарсҳои иловагӣ ташкил гардидаанд, ки барои беҳтар шудани сатҳи дониши онҳо мусоидат мекунад. 
Литсей парварандаи шахсият ва такмилдиҳандаи одобу ахлоқи шоистаи насли ҷавон низ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тақдирсози ҳаёти ҷомеа, ояндаи ҳар миллат ва кишвар ба шумор меравад, зеро пешрафти ҷомеаро бидуни рушди ҳамаҷонибаи илм ва таълим тасаввур кардан мушкил аст.
Қурбон АҲМАДЗОД,
Раҳматулло КАРИМОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 1026
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед