logo

туризм

ВАРЗОБ. АВЛАВИЯТ БА САЁҲАТИ КӮҲНАВАРДӢ

Дар рӯзи аввалини Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саёҳати кӯҳнавардии шаҳрвандони кишвар ба ноҳияи Варзоб ҷараён гирифт.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.  
Саёҳати кӯҳнавардии шаҳрвандон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Пайёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ баён доштанд, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии “Тоҷик тур” роҳандозӣ гардид.
Сайёҳӣ бахши асосии иқтисоди миллии аксар давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, тамоми паҳлуҳои ҳаёти фарҳангиро ривоҷу равнақ медиҳад. Дар мамлакати мо намудҳои гуногуни сайёҳӣ рушд ёфта истодаанд, вале байни онҳо сайёҳии кӯҳсор мавқеи хос дорад.
Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳони хориҷӣ ҳангоми ташриф ба мамлакати мо бештар ба саёҳати  кӯҳсор авлавият медиҳанд. Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳистон аст, табиати зебою нотакрор дорад, метавонад ин намуди сайёҳиро рушд бахшида, аз он даромади бештар ба даст орад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии ноҳияи Варзоб ҳамчун гӯшаи сайёҳии кишвар ва пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ арзёбӣ шуд.
Варзоб минтақаи истироҳатию табобатӣ, санаторию курортӣ ва сайёҳӣ шинохта шудааст. Дараи Варзоб мавзеи кӯҳии зебо буда, дар канори пойтахти кишвар ҷойгир аст. Шаршараи Ғузғар ва дарёи Сиёма беҳтарин ҷойҳои тамошобоби ноҳия эътироф шудаанд. Мавҷудияти манзараҳои ҷолиби табиат ва истироҳатгоҳҳо сайру истироҳатро боз ҳам қулайтар мегардонанд. 
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»Я


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 1291
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед