logo

ҳуқуқ

РАҲНАМОИ КОРНОМАҲОИ НАВ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар остонаи соли нави милодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои як соли дигар муқаррар намуд.
 
Дар оғози Паём таҳлили вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва таҳдидҳои ношӣ аз хатари терроризму экстремизм далолат бар он дорад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи устувору сулҳҷӯёна дорад. “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”. Чунин мавқеъгирӣ дар сиёсати хориҷӣ мақому нуфузи шоёни кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ бозгӯ намуда, моҳияти аслӣ ва инсонгароёнаи сиёсати ҳамгироии Пешвои миллатро дар низоми ҷаҳони муосир тавзеҳ медиҳад.
Дар низоми сиёсати дохилии мамлакат низ муҳимтарин масъалаҳои марбут ба рушду пешрафти кишвар давоми як соли оянда баррасӣ, таҳлил ва тафсир ёфтанд. Нахуст, пешниҳоди бисёр имтиёзҳо ба соҳибкорон гувоҳ бар он аст, ки маҷмӯи ин талошу тадбирҳо баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат буда, ҳамон андешаи ҷаҳонсози Сарвари давлат дар робита ба таъмини зиндагии шоистаи мардум амри воқеӣ мегардад.
Ҳамзамон, барои ворид намудани силсилаи таҷҳизоти техникӣ барои таъсис додани коргоҳҳои истеҳсоли доруворӣ, ташаккули сайёҳӣ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, дигар самтҳои рушди низоми иқтисодии мамлакат додани имтиёзҳо низ моро итминон мебахшад, ки дар соли 2018 Тоҷикистони азизи моро пешрафтҳои нав ба нав ва таҳаввулоти боз ҳам шоистатаре интизор аст. Афзун бар ин, ташаббусҳои мазкур имкон медиҳанд, ки захираву имкониятҳои муҳими кишвари мо ба манфиати рушди иқтисодии мамлакат босамар истифода шаванд. Пешвои муаззами миллат ин мақсади наҷибро дар Паём шарҳу тафсир доданд: “Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем”.
Яке аз рукнҳои муҳими муваффақ гардидан барои амалӣ шудани ин ҳадафи бузург ҳамоно эълони соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Сокинони шарафманди шаҳри Хуҷанд низ ифтихорманд аз он ҳастанд, ки ин сарзамини куҳани аҷдодӣ яке аз марказҳои қадимаи фарҳангӣ ва макони рушди ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад. Ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти моро дар амри ташаккул додани ин самтҳо дучанд мегардонад. Мо ҳамагон огаҳӣ дорем, ки солҳои тӯлонӣ дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи ҳунарҳои хонагӣ фаъолияти босамар дошт, ки ин аз таҳаввули ҳунарҳои мардумӣ дарак медиҳад. Ин иқдом водор месозад, ки дар давоми соли 2018 ба рушди ин соҳа аҳамият дода, дар амри эҳёи чунин коргоҳҳо бо истифода аз захираву имкониятҳои мардуми ҳунарманди шаҳр тадбирҳои амалӣ биандешем.
Дар робита ба ҳамин матлаб, ки сарчашма дар шинохти захираву имкониятҳо ва хусусиятҳои хосси минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дорад, Пешвои миллат хеле бамаврид таъкид доштанд, ки “Вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хосси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо бояд таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ фаъол гардонда шавад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат бояд усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро аз рӯи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардондани сармоягузории хусусӣ ҷорӣ намояд”.
Бо илҳом аз ин раҳнамоиҳои Пешвои миллат мо низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки аз таърих барои мардуми Хуҷанд чун дигар манотиқи қадимаи кишвар хос буд, аз дигар захираву имкониятҳо фароҳам истифода намоем. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар мисоли шаҳри Хуҷанд нуктаҳои зиёдеро таъкид доштаанд, ки яке аз онҳо сарзамини меваҳои шакарин будани он ба шумор меравад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз дар партави ин дастурҳо талош бар он дорад, ки маҷмӯи чунин имкониятҳо пеш аз ҳама ба манфиати таъмини зиндагонии шоистаи мардуми шаҳр истифода шаванд. Мо саъйи хешро бар он равона менамоем, ки дар давоми соли оянда низ ба масъалаи коркарди чунин захираҳои табиӣ, ифтитоҳи корхонаҳои нав ба нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳидоятномаҳои Пешвои миллат барои соли 2018, ки дар Паём хеле барҷаставу равшан таъкид шуданд, бештару пештар иқдом намоем. Итминон дорем, ки соли 2018 дар партави татбиқи амалии нишондодҳои Паём дар тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд дастовардҳои назаррас, пешрафтҳои шоиста ва муваффақиятҳои нав ба нав моро интизор ҳастанд.
Маъруф МУҲАММАДЗОДА,
раиси шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 1069
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед