ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ҶАҲОЛАТ. Куштор бо зарби корд
Як сокини шаҳри Истаравшан дар ҳолати мастӣ марди 59 - солаи сокини ҳамин шаҳрро бо корд ба қатл расондааст.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодисаи куштор дар таърихи 28 декабри соли 2017 рух додааст. Гумонбар шоми ҳамон рӯз вориди хонаи ҷабрдида шуда, ӯро бо чанд зарби корд захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Марди 59 – сола бар асари зарбаҳои корд ба қисмати дилу шикам ҷароҳати вазнин бардошта, дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26 - солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ҒОРАТГАРӢ. Усули нав аз беэҳтиётии шаҳрвандон
Дар зери пойандози дар ё дохили сипари барқӣ пинҳон намудани калиди хона ба силсилаи ҷиноятҳои дуздӣ замина гузошта, боиси зиёни молӣ ба чанд сокини шаҳри Хуҷанд гардидааст.
Кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бар асоси муроҷиати ҷабрдидаҳо парда аз рӯи ин ҷиноят бардошта, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ Шаҳобиддини Мақсудбекро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.
Номбурда дар мавридҳои гуногун калиди хонаи шаҳрвандонро аз зери пойандоз ва сипари барқиашон дарёфт карда, даст ба ғоратгарӣ задааст. Вай бо истифода аз ин усул моҳи декабри соли 2017 дар маҳаллаҳои 32 ва 33 шаҳри Хуҷанд рӯзона ба чор ҳуҷра ворид шуда, пул ва дигар ашёи арзишмандро тасарруф намудааст. Аз ин амал 7 сокини шаҳр хисороти моддӣ бардошта, натиҷаи зарар 28 880 сомонӣ гуфта мешавад. Ҳамчунин, гумонбаршуда 12 декабри соли 2017 вориди манзили истиқоматии Гулноз Мирзоназарова, воқеъ дар маҳаллаи 32, бинои 49, ҳуҷраи 19 шуда, бо ҳамин шева ҷавоҳироти соҳибхонаро ба маблағи умумии 22 800 сомонӣ дуздидааст.
Сомонаи ВКД бо нашри ин хабар шаҳрвандонро ҳушдор додааст, ки аз ин ҳодисаҳо сабақ гиранд ва дар ҳифзу нигаҳдории моликияти худ эҳтиёткор бошанд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2018 №: 7 Мутолиа карданд: 1032