logo

маориф

НЕРУИ ИНСОНӢ ВА САҲМИ ОМӮЗГОР ДАР РУШДИ ОН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳатман барои рушду нумӯи маорифи миллӣ дастур медиҳаду роҳнамоӣ мекунад. Воқеан, ба муҳимтарин масъалаҳое диққати мо – омӯзгоронро равона месозад, ки ҳалли дурусту саривақтии он бисёр ногузир аст.
Пеш аз ҳама худи Ҳукумати кишвар барои беҳтар шудани вазъ барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ менамояд ва дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Аз ҷумла, танҳо дар соли гузашта барои сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ беш аз 400  миллион сомонӣ сарф ва  24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Соли равон ин раванд идома меёбад.
Албатта, иҷрои  «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020» ба боло рафтани сатҳи сифати таълим мусоидат менамояд. Дар ин сурат кишвари мо аз рӯи чандин нишондиҳандаҳои дигар низ дар миёни давлатҳои ҷаҳон ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешавад.
Сарвари давлат таъкид месозад, ки мо набояд ба ин дастовардҳои соҳа ва нишондиҳандаҳои нек қонеъ бошем, балки таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим биафзоем. Яъне бояд бештар заҳмат бикашем. Ҳамчунон, дастур медиҳад, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар дода шавад, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода гардад, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълим таҳким ёбанд.
Ҳамин тавр, ба соҳаи маориф сол ба сол таваҷҷуҳ бештар мегардад, ҳамаи шароиту имконот фароҳам оварда мешавад. Акнун аз рӯи вазифаи касбӣ ва рисолати шаҳрвандию инсонӣ моро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар бикунем.
Дар Паёми навбатӣ таъкид шудааст, ки барои омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ биандешем. Инчунин, ба масъалаи баланд  бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Ин роҳнамоиҳо ва таъкидҳо ба он хотир аст, ки нишондиҳандаҳои таъмини сифатро бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик бисозем ва ба ин васила пеш биравему истиқлолу ваҳдати миллию дастовардҳои онро ҳифз намуда тавонем.
Аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дорад. Ба ҷуз ин, ин ҳақиқатро бояд хуб бидонему дарк бикунем, ки пешрафти дигар соҳаҳо иртибот мегирад ба рушди соҳаи маориф. Аз ин рӯ, омӯзгор дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ҳуқуқи хато карданро надорад.
Ҷамолиддин  ШУКУРОВ,
директори муассисаи давлатии
таълимии мактаби президентӣ барои
 хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 1236
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед