logo

маориф

МАОРИФ ДАР РАҚАМҲОИ ГӮЁ

Қатъи назар аз идомаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, соли 2018 маблағгузории соҳаи маориф дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба 3 миллиарду 863,1 миллион сомонӣ расонда мешавад, ки нисбат ба соли сипаришуда 281,9 миллион сомонӣ зиёд буда, 18 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ин нукта зимни ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати маориф ва илм, ки таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода баргузор гашт, зикр гардид.
Қайд гашт, ки устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, маблағгузории ин соҳаи калидӣ ва ҳаётан муҳимро сол ба сол афзоиш медиҳад. Аз ҷумла, соли 2017 барои соҳа 3 миллиарду 581 миллиону 109 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2016 сездаҳ дарсад зиёд аст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода  доир  ба фаъолияти  Вазорати маориф ва илм ва дигар муассисаҳои таълимӣ фикру андешаҳои худро иброз намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ  далели он аст, ки ҷумҳурии мо барои ояндаи рӯшану шукуфои халқ, бавижа ҷавонону наврасон, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Ҷамъомадагон, инчунин, доир ба  фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти то- мактабӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои тобеи вазорат, рафти иҷрои қарору барнома ва стратегияҳо, раванди таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳо, сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузарондани омӯзгорон, гузариш ба низоми таҳсилоти салоҳиятнок, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, фарогирии хонандагон ба таҳсил, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таҳсили донишҷӯён дар хориҷӣ кишвар ва чанде дигар  фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  „Ҷумҳурият“


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 1254
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед