logo

туризм

САЁҲАТИ САРГУЗАШТӢ ВА ПИЁДАГАРДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН

Тоҷикистон дар раддабандии Созмони байналмилалии British Backpacker Society аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ дар даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон қарор гирифт. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз  Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бахши сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад. 
“Аз ҷониби Созмони байналмилалии British Backpacker Society ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон  ворид гаштани Тоҷикистон аз рушди соҳаи сайёҳии  кишвари мо шаҳодат медиҳад”, - омадааст дар хабари Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Боиси тазаккур аст, ки намояндагони Созмони байналмилалии “British Backpacker Society” тӯли 4 - 5 соли охир ба зиёда аз 80 кишвари дунё сафар карда, макони беҳтаринро барои саёҳати пиёдагардӣ ва саргузаштӣ интихоб карданд. Онҳо тасмим доранд ин гуна сафарҳоро идома дода, ҷуғрофияи давлатҳои тавсиявиро барои саёҳат дар соли 2018 васеъ намоянд.
Саёҳати пиёдагардӣ яке аз намудҳои саёҳати инфиродӣ буда,  нисбатан арзон ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин навъи сайёҳӣ дар кишвари мо солҳои охир рӯ ба рушд ниҳодааст.
Сайёҳии саргузаштӣ шавқмандони зиёд дорад. Коршиносон иброз медоранд, ки кишвари мо бо кӯҳҳои осмонбӯс, табиати зебову нотакрор, мавзеъҳои аҷиби табииву таърихӣ барои рушди ин навъи сайёҳӣ иқтидори бузург дорад. Саёҳати саргузаштӣ дорои навъҳои зиёд, аз ҷумла автомобилӣ, кӯҳнавардӣ, кӯҳӣ, пиёдагардӣ, рафтинг, қаиқронӣ буда, дар Тоҷикистон аксари ин намудҳо аллакай рушд ёфтаанд.  Ба ин ҷиҳат тадбирҳои пай дар пай андешидани давлату Ҳукумат, аз ҷумла низоми раводиди электронӣ, ки аз соли 2016 ҷорӣ гардид, мусоидат менамоянд.
Ибтикори навбатӣ –  то 10 рӯзи корӣ тамдид кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки 22 декабри соли 2017 зимни  Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамониати сайёҳони хориҷӣ ва ҷалби доираи васеи онҳо ба ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Итминон ҳаст, ки имсол соҳаи сайёҳӣ ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гашта, Тоҷикистон дар раддабандиҳои минбаъдаи ташкилотҳои байналмилалӣ мақоми баландтарро ишғол менамояд. 
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 1307
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед