logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО ОРИПОВ

Имрӯз дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умед  намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин равобит, ки дар маркази таваҷҷуҳи сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд, талош ба харҷ хоҳад дод.
Дар мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмии комил сурат гирифт, масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба рафъи маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, содагардонии низоми рафтуомади шаҳрвандон, коҳиш додани тарифҳои интиқоли молу маҳсулот, барқарорсозии роҳҳои оҳани мавҷуда, поксозии минтақаҳои минабандишудаи сарҳад, ифтитоҳи гузаргоҳҳои мавҷудаи сарҳадӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба марзи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи баманфиати захираҳои обу энергетикӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вобаста ба ин масъалаи муҳим барои давлатҳои минтақа мушкилоте эҷод накардааст ва пайваста хостори ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи обу экология мебошад.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва форуми соҳибкорону тоҷирон дар кишварҳои ҳамдигар, инчунин, ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе -Тошканд аз муҳимтарин иқдомҳои сарони ҳар ду давлати дӯсту бародар ва ҳамсояи наздик дар як соли охир арзёбӣ шуд, ки дар таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву инсонӣ нақши муассир гузоштаанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили ҳамдастии ду давлат дар мубориза ба хатару таҳдидҳои номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳар ду ҷониб умедвории худро аз ояндаи бобарори муносибатҳои дӯстонаю самимии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, барои тақвияти заминаҳои қарордодию ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ изҳори омодагӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 1254
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед