logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ф. Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва А. Садшоева, ҳуқуқшиноси Бюрои давлатии ҳуқуқии шаҳри Хоруғи ВМКБ ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Корманди САҲШ дар вақти  пур кардани шаҳодатномаи таваллуди ман дар ному насабам ва ному насаби падарам хатогӣ роҳ дода, ҳарфҳои иловагӣ навиштааст. Ман талаб кардам, ки шаҳодатномаи навиштаашро иваз намуда, дуруст навишта диҳад, вале барои аз нав навиштан боз маро ба бонк равон кард ва такроран маблағи муайян пардохт кардам. Оё ин амал дуруст аст?
Барот, сокини ноҳияи Бохтар

- Мутобиқи талаботи моддаи 15 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён хароҷоте, фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст. Шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, метавонад рӯёндани пурраи зиёни ба ӯ расондашударо талаб намояд. Агар хатогӣ маҳз аз тарафи корманди САҲШ роҳ дода шуда бошад, он гоҳ шумо метавонед, хароҷоте, ки иловатан масраф кардед, аз ин корманди САҲШ талаб намоед. Дар ҳолати ихтиёран барқарор накардани зиён ба шумо зарур аст, ки ба тариқи хаттӣ ба роҳбари ин бахш муроҷиат намоед.

* * *

- Чӣ тавр васиятномаи махфӣ ба расмият дароварда мешавад?

А. ИСМОИЛОВ, сокини ноҳияи Рӯшон

- Тартиби таҳияи васиятномаи махфӣ чунин аст: васияткунанда шахсан васиятномаро ба нотариуси давлатӣ дар ҳузури ду шоҳид, ки дар лифофаи маҳкамкардашуда имзо мегузоранд, месупорад. Шахсияти васияткунанда ва шоҳидон, бояд муқаррар гардида, қобили амали онҳо санҷида шавад. Лифофаи аз тарафи шоҳидон имзошударо нотариуси давлатӣ дар ҳузури шоҳидон ба даруни лифофаи дигар монда, дар он тибқи шакли муқарраргардида навиштаҷоти тасдиқкунанда ва муҳр  мезанад.
Нотариуси давлатӣ аз васияткунанда лифофаро вобаста ба васиятномаи махфӣ қабул намуда, вазифадор аст, ки ба васияткунанда мазмуни қисми 4 моддаи 1158 ва моддаи 1171 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонда, перомуни он дар лифофаи дуюм навиштаҷоти тасдиқкунандаи дахлдорро ба ҷо оварад ва, ҳамчунин, ба васияткунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи (шаҳодатномаи) қабули васиятномаи махфиро диҳад.
Васиятномаи махфӣ дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ нигоҳ дошта мешавад ва дар ҷузвадони (наряди) махсус маҳфуз мемонад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 1162
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед