ҳуқуқ
МАРЗБОНӢ. АЗ МУСОДИРАИ МАВОДИ МУХАДДИР ТО ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА
Дар ҳоле ки паҳншавии маводи нашъаовар ва афзоиши истеҳсоли он дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои минтақаро ба ташвиш овардааст, марзбонони тоҷик соли 2017 дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии кишвар аз қочоқчиён 1 740 килограмму 335 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуданд, ки дар сурати пешгирӣ нашудан метавонист, ҷони садҳо ҳазор нафарро дар хатар гузорад.
Аз ҷумлаи маводи мусодирашуда, 27 килограмму 267 грамм героин, 455 килограмму 629 грамм афюн, 865 килограмму 711 грамм ҳашиш, 386 килограмму 820 грамм бангдона (канабис), 4 килограмму 908 граммро метамфитамин ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ин давра 577 507 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд.
Дар давоми сол миёни сарҳадбонон ва қочоқчиёни мусаллаҳ 31 ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳона, ки аксаран дар марз бо Афғонистон аст, ба амал омадааст. Зимни даргириҳои мусаллаҳона ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад 18 қочоқчӣ нобуд ва 20 нафари дигар дастгир шуд. Инчунин, дар натиҷаи амалиёти вижаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо дигар ниҳодҳои қудратӣ 25 адад яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тир, 9 дона норинҷаки дастӣ, 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардидаанд. Марзбонон дар доираи иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 152 нафареро дастгир карданд, ки аз ҷумлаи афроди дар кофтуков қарордошта мебошанд.
Ҳамчунин, сарҳадбонони тоҷик теъдоди зиёди қочоқи молу маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла 14 800 литр сӯзишвории дизелӣ, 800 литр бензин, 8 500 литр гази моеъ, 43 тонна ангиштсанг, 20 тонна семент, 10 тонна гандум, 8 500 килограмм пиёз, 29 650 килограмм меваи хушк, 10 000 килограмм себ, 2 750 килограмм шакар, 17 метри мукааб тахта, 22 370 килограмм пахта, 400 000 дона маводи таркандаи пиротехникии гуногунро пешгирӣ карданд. Вобаста ба қонуншиканиҳои ошкоршуда ба фоидаи Буҷети давлат 500 885 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ - ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки бо иштироки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник С. Ятимов баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2018 №: 9 Мутолиа карданд: 1220