logo

маориф

МАОРИФ. Масъулият бештар аз он аст, ки мепиндорем

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бахши маориф дар сиёсати давлат ҳамчун соҳаи калидӣ эътироф ва аз назаргоҳи воқеият таҳлил гардидааст. Масъулон ҷиҳати суботкорона роҳандозии тарбияи мутахассисони ҷавобгӯй ба тақозои замони муосир ва рушди сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот, сафарбарии ҷавонон ҳамчун таҳкимбахшандагони сармояи инсонӣ ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосири ватанӣ ва дар ин замина вусъат бахшидани раванди азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, андешидани тадбирҳо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва амсоли ин муваззаф шуданд.
Воқеан, сармояи инсонӣ ҳамчун неруи пуриқтидори маънавӣ бо асноду  мадорики муътамад собит сохтааст, ки пешрафту тараққии ҳар як давлати чи  хурду чи бузург ба он пайванди ногусастанӣ ва амиқ дорад. Ҳамин ғояи пурмаънӣ, рӯҳафзою қобили мулоҳизаҳои судманд чунин шарҳ ёфтаанд: “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, маорифчиёни ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намоянд”.
Макони бунёди сармояи инсонӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ибтидоӣ, умумӣ ва касбию олӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, мо - омӯзгорони таълимгоҳҳо бояд барои эҷоди муҳити солиму арзанда ба талаботи замони муосир бо истифодаи тамоми имкониятҳои ҷойдошта саъю кӯшиш намоем, то ки насли нав аз таҳаввулоти илм бархӯрдор гардида, баъдан дар пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳайси мутахассисони донишманд саҳм гузоранд.
Ин ҳидоят насли ҷавонро ҳушдор медиҳад ва огоҳ месозад, ки дигар имкони зистан ба тарзи куҳна вуҷуд надорад. Тағйироти глобалиро танҳо насле бардошт карда метавонад, ки соҳиби тафаккури созанда бошад. Бунёди ҷомеаи навин дар пояи маънавиёти қавии насли оянда барқарор гардида, мусовӣ бо музаффариятҳои ҷаҳони нав, ки кулли соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаанд, имкон дорад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки бидуни нақши созандаи ҷавонон комёбӣ дар ҳаёти воқеӣ ба даст намеояд. Неруи ҷавонони кишварро ба эътибор гирифта, Ҳукумати мамлакат минбаъд ҳам эътимоди худро ба насли ҷавон коҳиш нахоҳад дод.
Бо назардошти ҳамин ҳолатҳои воқеӣ таъкид мегардад, ки ба масъалаи таълиму тарбия бояд бештар афзалият дод. “Мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем”.
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дигар зерсохторҳои он ин нуқтаҳои ба дидгоҳ наздикро дар фаъолияти ҳамешагӣ мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор медиҳад. Барои рушди сифати таҳсилот ва тарбияти комили насли даврони нав чораҳои иловагии тағйирнопазир меандешад.
Мо вазифадорем, ки ба василаи таълиму тарбия маниши миллиро дар қалби фарзандонамон ҷой кунем, то ки бо гузашта ифтихор карда, ояндаро бо маърифатмандии хеш бунёд намоем.
Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,
Меҳриддин ҒИЁСИЕВ, мудири кафедраи психология ва педагогикаи донишкада


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 1087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед