қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 10 январи соли 2018, № 11, ш. Душанбе
Дар бораи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин намудани Мирализода Р.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирализода Рустам Азиз намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2018 №: 9 Мутолиа карданд: 1177