мулоқотҳо
Хонум Мишлин Калми Рей дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Сомони қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Швейтсария хонум Мишлин Калми Рейро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои мададрасон баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Тоҷикистон омода аст барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Швейтсария дар ҳамаи бахшҳо - сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тамоми кӯшиши лозимаро ба харҷ диҳад».
Хонум Мишлин Калми Рей изҳор дошт, ки «Швейтсария ҳам кишвари болооб мебошад ва омода аст, ки ба Тоҷикистон дар муҳокима ва ҳалли масоили баҳсталаби обӣ дар минтақа кӯмак расонад».
Изҳори боварӣ шуд, ки Швейтсария соли оянда дар ташкил ва гузарондани Конфронси байналмилалии об дар шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Хонум Мишлин Калми Рей ҳамчунин таъкид дошт, ки Швейтсария фаъолияти худро баҳри намояндагӣ ва пуштибонӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат, минбаъд низ идома ва густариш хоҳад дод.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2039