энергетика
МУРҒОБ. АЗ МАНБАЪҲОИ АЛТЕРНАТИВӢ ИСТИФОДА БАРЕМ!
Далер Ҷумъаев, директори генералии ширкати “Помир - Энерҷӣ”, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият” зикр намуд, ки аз аввали таъсисёбии ширкат (соли 2002) вазифаи муҳимтарини он бо роҳи таъмиру азнавсозии неругоҳҳои мавҷуда ва бунёди неругоҳҳои барқи обии нав баланд бардоштани иқтидори барқистеҳсолкунӣ дар ВМКБ маҳсуб меёфт. Он солҳо танҳо 13 дарсади муштариёни вилоят бо барқи 12 - соата дар як шабонарӯз дастрасӣ доштанду халос. Имрӯз бошад, 96 дарсади сокинони вилоят соҳиби қувваи барқи хушсифату ҳамешагӣ ҳастанд.
Иқтидори тавлидотӣ дар давоми 15 сол аз 23,7 мВт ба 43,3 мВт расонда шуд. Дар ин давра бо дастгирии ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва меҳнати аҳлонаи барқчиён дар ҳудуди вилоят дар маҷмӯъ ба масофаи қариб 73 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ, 206 км хатҳои нави барқи 35кВ ва 400 км хатҳои нави барқии 10 ва 0,4 кВ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, айни ҳол дар вилоят танҳо якчанд деҳаҳои минтақаҳои дурдаст аз барқи боэътимоди доимӣ бархӯрдор нестанд. Мутахассисони соҳа ба хулосае омадаанд, ки дар 4 деҳа сохтмони неругоҳи барқи обӣ, дар 26 деҳа неругоҳи офтобӣ имконпазир буда, ба 22 деҳаи боқимонда кашидани хати интиқоли барқ афзалият дорад. Бештари ин деҳаҳо дар ноҳияи Мурғоб ҷойгиранд. Айни ҳол дар ин ҷо азнавсозии Неругоҳи барқии обии “Оқсу” идома дорад. Ин иқдом бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоб роҳандозӣ гардида, тобистони соли равон неругоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Мувофиқи ҳисоби пешакии мутахассисон, дар ноҳияи Мурғоб барои истеҳсоли ҳамагӣ 5 ҳазор кВт - соат қувваи барқ захираи обӣ мавҷуд аст, ки дар қиёс ба талаботи имрӯзаи ноҳия кам аст. Ба ғайр аз ин, иқлими сарди ноҳия боиси он мегардад, ки дар фасли сармо сатҳи оби дарё ва дарёчаҳои ноҳия хеле паст мешавад. Ин омил барои бо барқи доимӣ таъмин кардани сокинони ноҳия мушкилот пеш меорад.
Далер Ҷумъаев, бо назардошти андешаҳои мутахассисони соҳа, бар он бовар аст, ки дар ноҳияи Мурғоб бинобар шароити иқлимиаш бо истифода аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли барқ, мисли офтоб ва шамол, барқ истеҳсол кардан муфидтар мебошад. Ҳамчунин, мутахассисони ширкат ба хулосае омадаанд, ки интиқоли барқ аз ноҳияи Шуғнон, ки бо Мурғоб ҳамшафат аст, бештар бартарият дорад. Агар корхонаҳои коркарди маъдани ноҳия, ки бо барқи автономӣ (дизелҳои сермасраф) кор мекунанд, хароҷоти кашидани хати барқро аз НБО “Помир - 1” то маркази ноҳия ба зимма гиранд, мушкилоти таъминоти ноҳия бо барқ ҳалли пурраи худро меёбад. Корхонаҳо бошанд, дар давоми 10-15 сол аз ҳисоби истифодаи неруи барқи арзон ва боэътимод хароҷоти худро мепӯшонанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2018 №: 10 Мутолиа карданд: 17338