logo

энергетика

РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ЗАМИНАИ ТАҲАВВУЛОТИ АЗИМ ДАР ҲАМАИ СОҲАҲОСТ

Мардуми шарафманди тоҷик аз дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳбаландӣ ва самимияти хос истиқбол намуда, дар ҷамъомадҳои худ ин ҳидоятномаи саодатбахшро роҳнамои воқеӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар Паём ба рушди соҳаи энергетика аҳамияти хоса дода шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар мамлакат боз 3 соли дигар мондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз 14 январи соли 2017 ба ин тараф сокинони мамлакат пурра бо неруи барқ таъмин буда, фаъолияти муназзами корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон нархи як киловат соат неруи барқ 17 дирамро ташкил медиҳад, ки ин назар ба дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле арзон мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 65 дарсад захираҳои оби Осиёи Марказӣ тавлид мешавад. Истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик на фақат эҳтиёҷоти энергетикии худ, балки як қатор мамлакатҳои Осиёи Миёна ва  кишварҳои Покистону Афғонистонро низ бо неруи барқ таъмин намояд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки рушди соҳаи энергетика барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат, пайдо гаштани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори истеҳсолӣ, дар ҳамин замина ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат мо - барқчиёнро водор месозад, ки барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи он, кам кардани талафоти неруи барқ бо истифода аз технологияҳои каммасраф тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.
Илҳом КЕНҶАЗОДА,
директори ҶСК шабакаҳои барқии ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2018    №: 10    Мутолиа карданд: 17406
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед