logo

энергетика

НЕРУИ БАРҚ. САРФАИ ОН УҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШД

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз пешоҳангони кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» буда, аз ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия миёни шаш давлати дунё мақоми баландро касб кардааст. Қариб 98 дарсади неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Яке аз хусусиятҳои Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса ба рушди соҳаи энергетика, махсусан дар бахши расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи ин сарвати миллӣ ва интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ниёзманди энергетикӣ мебошад. Президенти кишвар аз мардум даъват ба амал оварданд, ки  барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он аз таҷҳизоти каммасрафи барқӣ истифода намоянд. Маҳз чунин иқдом имкон медиҳад, ки  дар  роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ дар солҳои наздик муваффақ гардем.
Бо назардошти ин, Ҳукумат дар самти бартараф намудани мушкилию норасоиҳои неруи барқ дар мамлакат як қатор иқдомҳоро амалӣ намуда истодааст. Тибқи нақша, дар  самти таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Барои таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо ҳамин сол оғоз мешаванд. Дар маҷмӯъ барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ  маблағ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар соли 2018 қариб 5 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Бунёду таҷдиди неругоҳҳои барқи  обӣ барои баланд бардоштани иқтисодиёти энергетикии кишварамон дар оянда  мусоидат намуда, барои расидан ба ин ҳадафи муҳим нақши калидӣ мебозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола таъкид намуданд, ки бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт имкон пайдо кардем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва  тамоми корхонаҳои мамлакатро бо неруи барқи доимӣ таъмин намоем.  Бояд зикр сохт, ки дар  мамлакат нархи як киловатт – соат барқ дар муқоиса бо дигар кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо арзонтарин ба ҳисоб меравад.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 17365
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед