logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. МУҚОВИМАТИ МАФКУРАВӢ САМАРИ ДИГАР ДОРАД

Мавҷи нооромиҳо ва ташаннуҷи вазъ дар бисёре аз кишварҳои олам ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ба замина ва аслҳои нооромкунандаи фазои амниятӣ беш аз ҳар вақти дигар мутаваҷҷеҳ бошанд. Тавре маълум, дар ҷаҳони имрӯз терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва таҳдид ба ҳаёти осудаи аҳли башар мавриди нигаронии амиқ аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат нахуст ба ҳамин масъала - вазъи ноороми ҷаҳони муосир таваҷҷуҳ  намуда, таъкид карданд, ки «мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва ба бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест». 
Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба он водор месозад, ки алайҳи табли-ғоти дурӯғини мубаллиғони ташкилоту ҳизбҳои табаҳкоре, назири «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҷиҳоди исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон» ва дигар гурӯҳҳои тундрави навтаъсис иқдом намоем. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мубаллиғони ин ташкилотҳои  хатарзои  ҷомеа бештар  ҷавонони нодону ноогоҳро ба доми хеш мекашанд. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Мо бояд ба аҳли ҷомеа фаҳмонем, ки терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ рабте надорад. Дар ҳадисе омадааст: «Агар миёни мусалмонон фитнае ба вуҷуд омад, пас  ба даст шамшери чӯбин бигир». Мурод аз шамшери чӯбин ин сулҳу салоҳ, баҳамоию  ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба он доштанд, ки «хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя, моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад». Воқеан ҳам Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризму эктремизм, мавқеи оштинопазир дошта, ҳамзамон дар муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои судманд меандешад, ки самараноку ба нафъи ҷомеаанд.
Дар замони шӯравӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Восеъ, ҷамъияти «Дониш» амал мекард, ки яке аз вазифаҳои  он таблиғи идеяҳои ватандӯстӣ буд. Ва фикр мекунам, имрӯз зарурати таъсиси чунин созмон ба миён омадааст, то дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҳадафҳои созандаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар байни мардум тарғибу ташвиқ намоянд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, сулҳу ваҳдат ва оромию суботи кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Р. СОЛИҲОВ,
сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 1001
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед