logo

мулоқотҳо

Дидору гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони олиқадр

5 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯз намояндагони воломақоми Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот бо намояндаи воломақоми Арабистони Саудӣ- Дабири кулли созмони байналмилалии ҳифзи Қуръон Абдулло Басфар масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.
Абдулло Басфар аз баргузории симпозиуми имрӯза ва нақши Тоҷикистон дар бузургдошти шоистаи Имоми Аъзам арзи хушнудӣ намуда, ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон салому паём ва қадрдонии  подшоҳи Арабистони Саудиро расонд.
ӯ таъкид дошт, ки симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам майдони хубе шуд барои муаррифии таълимоти таҳаммулпазирӣ ва дини тарғибгари дӯстию ҳамкорӣ ва гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо будани Ислом.
Абдулло Басфар иттилоъ дод, ки дар ин сафар ӯро як гурӯҳ соҳибкорону бозаргонони кишвараш низ ҳамроҳӣ мекунанд ва изҳори боварӣ намуд, ки ин симпозиум ҳамчунин оғози хубе мешавад барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе бояд сафорати Арабистони Саудӣ ва як маркази ҳифзи Қуръон кушода шаванд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари идораи мусулмонони Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз шайхулислом Аллоҳшукур Пошшозода зимни мулоқоти худ аз дӯстию шиносоии беш аз 18 - солаашон ёдовар шуда, сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом доданд.
Зимни ёдоварӣ аз хидматҳо ва таълимоти Имоми Аъзам таъкид гардид, ки Абӯҳанифа муштаракоти муҳими мазҳабҳои суннию шииро дарёфт намуда, тавонист, ки пайванди миёни онҳоро таъмин созад.
Шайхулислом Аллоҳшукур Пошшозода ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини ваҳдати миллӣ ва тарғиби гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «Ман мушоҳида мекунам, ки Шумо бо халқед ва халқ бо Шумост ва ман бори нахуст мебинам, ки Сардори давлат ба чунин самимияти қалбӣ аз манфиати мардуми худ ва мусулмонони ҷаҳон пуштибонӣ намояд».
Дар сӯҳбат бо имом- хатиби вилояти шимолии Қазоқистон Яҳёхоҷа Исмоилов, ки як нафар тоҷики соҳибнуфузи  ин кишвар аст, масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳифзи манфиатҳои тоҷикони муқими ин давлат баррасӣ шуданд.
Яҳёхоҷа Исмоилов иттилоъ дод, ки тадбирҳои сершумори фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба бузургдошти Имоми Аъзам ва ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар миёни мардуми Қазоқистон, ба хусус дар воситаҳои ахбори ин кишвар мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар чаҳорчӯби Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон як мадраса ба номи ин фақеҳу донишманди камназири олами Ислом кушода шудааст.
Ҳамин гуна мулоқоти ошкору самимии дигар миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муфтии мусулмонони Ҷумҳурии Қирғизистон Мураталӣ Жуманов сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Имоми Акбари Донишгоҳи ал- Азҳари шарифи Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории илмию фарҳангӣ ва омӯзишии Тоҷикистону Миср гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Шайх Муҳаммад Тантовӣ салому паём ва таҳниятҳои самимии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборакро ба Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, изҳор дошт, ки аз тадбирҳои бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам роҳандозӣ намудаи Тоҷикистон зери таассуроти фараҳбахш қарор дорад.
ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба кишварҳои зиёди ҷаҳон сафар намудааст, вале ҳеҷ гоҳ ягон роҳбари давлатро надидааст, ки бо чунин самимият на бо забон, балки бо қалби худ сухан гӯяд ва аз манфиатҳои мусулмонони ҷаҳон пуштибонӣ намояд.
Шайх Муҳаммад Тантовӣ ба дархости ҷониби Тоҷикистон баҳри омода кардани мутахассисони варзида барои Донишгоҳи ояндаи исломии кишвар, ки санги асосаш имрӯз бо масҷиди бузурги ҷомеъ гузошта шуд,  чунин посух дод: «Донишгоҳи ал- Азҳари шариф омода аст ҳар гуна дархости Тоҷикистони дӯсту ташаббускорро бо камоли масъулият ва аз дилу ҷон иҷро намояд».
ӯ ҳамчунин аз андешаҳои пешқадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ривоҷи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз тундравию низоъхоҳӣ пуштибонӣ намуда, таъкид дошт, ки  Донишгоҳи ал- Азҳар ҳамеша ҷонибдори дӯстию рафоқат ва ҳамкорию гуфтугӯйи судовари ҳамаи фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳон аст.
ӯ ҳамчунин аз оромию суботи имрӯзаи Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, аз худованди таоло дуо намуд, ки кишвари моро ба пешрафту шукуфоӣ ва рифоҳу осудагии боз ҳам бештар муваффақ гардонад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2272
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед