logo

ҳуқуқ

МАВОДИ МУХАДДИР. ПЕШГИРИИ ИНТИҚОЛ ВА МАРГИ ЯК ҶИНОЯТПЕША ДАР САРҲАД

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як амалиёти муштарак бо кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз вуруди ғайриқонунии қочоқчиёни мусаллаҳ ба хоки Тоҷикистон ва кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд.
Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, амалиёт рӯзи 11 январ дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» сурат гирифта, ҳангоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омадааст. Қочоқбарон, ки ба амри марзбонони тоҷик итоат накарда, вориди диргирӣ шуданд, дар  натиҷаи муқовимат як узви гурӯҳи худро талаф дода, ба ҷониби Афғонистон паноҳ бурданд.
Манбаъ мегӯяд, ки баъд аз фирори қочоқчиён ба Афғонистон аз ҷойи ҳодиса тақрибан 32 килограмм маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Даргирӣ бо қочоқбарони мусаллаҳ дар соли 2018 бори аввал буда, соли 2017 ҳангоми пешгирии убури ғайриқонунӣ ва кӯшиши интиқоли маводи нашъаовар дар марз 31 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст. Дар натиҷа 18 қочоқбар нобуд ва 20 нафари дигар дастгир шуд. Дар ин давра марзбонони тоҷик дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии кишвар аз қочоқчиён 1 740 килограмму 335 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира намуданд, ки метавонист, ҷони ҳазорон нафарро дар хатар гузорад.
Ф. ҶУМЪАЕВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 1204
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед