ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ҶАРИМАИ ҲАНГУФТ ё ҷазои директори ришваситон
Суди ноҳияи Рашт директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 68 - и ноҳия Я. Толибов ва омӯзгори ҳамин муассиса Н. Эшоноваро бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ҳисобида, ба миқдори калон ҷарима кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Я. Толибов барои ба Д. Асалзода - духтари омӯзгор Н. Эшонова додани аттестати ғайриқонунӣ айбдор мешавад. Ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ моҳи августи соли 2015 ба ному насаби Асалзода Д.Т. ғайриқонунӣ аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ дода, дар иваз аз Н. Эшонова ба сифати пора 500 сомонӣ ба даст овардааст.
Директори мактаб дар идомаи амалҳои ҷинояткоронаи худ моҳи январи соли 2017 бо таҳдиди аз вазифа озод намудани таъмиргари муассисаи мазкур А. Асрориддин бо роҳи тамаъҷӯӣ аз падари ӯ - А. Қуқанов 400 сомонӣ талаб карда, гирифтааст.
Дар натиҷа бо ҳукми суд ба Я. Толибов ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 150000 сомонӣ ва ба Н. Эшонова ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 100 000 сомонӣ таъйин гардид.
ПОРА боз як комиссари ҳарбиро ба ҷавобгарӣ кашид
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти Рустам Бурҳонов, комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба гумони талаби пора хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ 3000 сомонӣ талаб намудааст. Дар натиҷа, Рустам Бурҳонов рӯзи 6 январи соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани маблағи талабшуда дар дафтари кориаш дастгир шуда, нисбат ба ӯ, тибқи моддаи 319 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
КӮТОҲАНДЕШӢ. Моҷарои ду ҷавон бо марг анҷом шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, муноқиша байни ду ҷавони 19-сола бо марг анҷом шуд.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, ин ҳодиса 8 январи соли ҷорӣ дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Аорум ойл», воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷӣ рӯх дода, яке аз иштирокчиёни ҳодиса шадидан латукӯб шуда, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Нафари дигар боздошт ва нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2018 №: 12-13 Мутолиа карданд: 1274