logo

туризм

САЙЁҲӢ. БАРОИ РУШДИ ОН ТАМОМИ ШАРОИТҲО МУҲАЙЁ МЕШАВАНД

Бо назардошти иқтидори бузурги сайёҳии кишвар ва саҳми рӯзафзуни он дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Боиси ёдоварист, ки дар Паёми соли 2016 Сарвари муаззами давлат иброз дошта буданд, ки “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту набобот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад”.
Дарвоқеъ, осори таърихӣ - фарҳангӣ, зебоиҳои нотакрори табиат ва имкониятҳои экотуризм таваҷҷуҳи ҳар чи бештари сайёҳони хориҷиро ба кишварамон ҷалб менамояд. Пас, моро зарур аст, ки аз ин иқтидорҳои худ самаранок истифода барем. Аз ин рӯ, дар асри навин ба кишвари мо ҳар чи бештару фаъолона истифода бурдани фазои маҷозӣ (виртуалӣ) барои таблиғи имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ зарур аст. Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир имконияти сайёҳии Тоҷикистон пиар - абзори симоофари қавӣ надорад. Имкониятҳое, ки дар ин росто шабакаи ҷаҳонии интернет фароҳам овардааст, нокифоя истифода мегарданд. Наворҳои видеоии амсоли «Tajikistan.Feel the friendship», ки соли 2011 дар шабакаи телевизионии Евронюс барои ҷалби сайёҳон пахш мегардид, бояд хеле бештар бошанд, то бренди сайёҳии Тоҷикистон рушд ёбад. Албатта, дар ин замина ифтитоҳи интернет - саҳифаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми хубест. Дар он оид ба сайёҳӣ дар кишварамон иттилоот кофист, аммо мундариҷаи сомона бояд пайваста таҷдид гардад ва бо маводи навини гуногуни расму видеоӣ мукаммал гардонда шавад. Аз рӯйи имконият фасли ҷудогонаеро дар ин сомона метавон таъсис дод, ки дар он сайёҳон битавонанд таассуроташонро баъди ташриф ба кишварамон боқӣ гузоранд, зеро тавассути онҳо метавон аз мушкилиҳои ҷойдошта маълумот пайдо кард ва, дар ин замина, барои бартарафсозии проблемаҳо тадбир андешид. Дар баробари ин, албатта, бояд ба беҳтар намудани инфрасохтори гардишгарӣ диққати ҷиддӣ дод. Ин масъаларо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд. Дар суханрониашон дар Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2016 Пешвои муаззами миллат қайд карда буданд, ки “... дар муқоиса бо давлатҳои дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар то ба ҳол дуруст рушд накардааст ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест”. Бешубҳа, метавон гуфт, ки тайи ду соли ахир дар ин ҷода корҳои зиёде ба сомон расиданд, вале дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат боз ҳам зикр карданд, ки “сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҳамоно беҳбудӣ металабад”.
Бо итминон метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик Ватани азизамон ба яке аз кишварҳои рушдкардаи сайёҳӣ табдил ёфта, сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам баландтар хоҳад гашт. Зеро дар ин ҷода, аллакай, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қадамҳои аввалин гузошта шуданд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозиву гумрукӣ ва ширкатҳои туристӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод гаштанд, ки барои дар амал татбиқ намудани ин нақшаҳо заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд.     
Баҳрӣ БАҲРИЕВ,
аспиранти Донишкадаи давлатии
муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 1761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед