logo

маориф

КОМЁБИҲОИ ЯК ГИМНАЗИЯ

Яке аз муассисаҳои муваффақи таълимӣ гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамӣ мебошад, ки бо ташаббус ва дуои неки Пешвои муаззами миллат дар ба рӯи хонандагон боз намудааст. Ин аст, ки шогирдони ин даргоҳи маърифат доимо кӯшиш менамоянд, ки сазовори боварӣ бошанд.
Роҳбарият ва аҳли омӯзгорон баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон ва пешрафти таълиму тарбияи шогирдон таъсири мусбат мерасонанд. Ҳамасола хатмкунандагони гимназия дар ҳудуди 90 – 100 дарсад ба донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷ аз он дохил мешаванд. Аз ҷумла, соли гузашта тавассути имтиҳоноти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар аз хонандагони муассиса ба факултаҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил гардиданд.
Айни замон 15 хатмкардаи гимназия дар донишкадаҳои олии хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Русия, Амрико ва Англияю Олмон таҳсил доранд.  Бояд гуфт, ки аз зумраи хатмкардагони таълимгоҳ се олими ҷавон – номзади илмҳои физика ва математика Маҳмадсалим Абдукаримов, номзадҳои илмҳои иқтисодӣ Баҳром Тағоев ва Фарҳод Қодиров устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Тайи чанд соли охир хонандагони гимназия дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ғолибият ба даст меоранд. Муслим Абдукаримов, Сӯҳроб Табаров, Мадина Неъматова, Сиёвуш Қодиров, Ашӯралӣ Касиров, Шаҳриёр Ҷабборов ва дигарон аз ҷумлаи онҳоеанд, ки дар чунин озмунҳо - олимпиадаҳо ширкат варзида, аз фанҳои математика, химия, забонҳои русӣ ва хориҷӣ ғолиб омадаанд. Дар шаш соли охир қариб 35 нафар хонандагони таълимгоҳ дар олимпиадаҳои фосилавии байналмилалӣ пирӯз ва бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Соли таҳсили сипаришуда аз 68 нафар хатмкунанда ҳамагӣ ба муассисаҳои олӣ, аз ҷумла 21 нафарашон ба донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ шомил гардиданд. Боиси ифтихору шодмонист, ки хонандаи синфи 11 Ҳадятулло Азимзода дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб дониста шуда, гимназияро бо медали нуқра ва аттестати аъло хатм кард.
Ҳамин тавр, сол то сол хонандагони лаёқатманду боистеъдод, навовару эҷодкор дар гимназия афзун мешаванд. Хонандагони ин даргоҳи илму дониш тавассути омӯзиши техникаву технологияи муосир ба кашфиёту эҷодкорӣ ва навоварӣ дар риштаҳои мухталифи илм даст мезананд ва комёб мегарданд.
Маъмурияти гимназия дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тақвияти сифати таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, таҳкими худомӯзии омӯзгорон,  дуруст ба роҳ мондани назорати дохилимактабӣ ҳамеша чораандешӣ менамояд.
Саидакрам АКРАМОВ,
муовини директори гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 1211
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед